30-юми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шаҳри Берлин ба Ватан баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ва Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок карда, бо як қатор роҳбарони воломақоми кишвари мизбон мулоқот карданд.