26-уми сентябр дар деҳаи Гулободи деҳоти Ғазантарак бо иштироки раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои чор синфхона буда, бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошад.
Бинои иловагии Муассиса барои 100 хонанда аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ба маблағи наздики 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Раиси ноҳия зимни ифтитоҳи бинои иловагӣ иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тавҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд пайгирона идома медиҳад.
Маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади рушди босуботи ин соҳа ҳамаи тадбирҳо андешида мешаванд. Сокинони деҳаи Гулобод дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ноҳия фаъолона ширкат варзида, дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Ҳар як синфхонаи ин Муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, баҳри донишомӯзии писарону духтарон шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст. Масъулон зимни сохтмон ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус равона намуда, бинои синфхонаи иловагиро ба талаботи замона мутобиқ сохтаанд.
Хушбахтона, маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои замонавии дорои шароити беҳтарини донишомӯзӣ сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Деваштич, бамаротиб хубтар шудааст.
Омӯзгорони МТМУ № 40-и деҳаи Гулобод ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва соҳибкасб шудани онҳо равона месозанд.
Маратҷон ҶАББОРОВ, сокини ноҳияи Деваштич