Тоҷик аз қадим то ба имрӯз ҳамчун миллати бомаърифат, ватандӯст, соҳибдавлат, ободкору бунёдгузор ва муҳофизи марзу буми хеш, соҳиби эҳтиром буду ҳаст. Мо дар масъалаи ватандӯстии ниёгони хеш қаҳрамонҳои халқи тоҷик Спитамен, Шерак, Темурмалик, Исмоили Сомонӣ, Восеъ ва садҳои дигарро мисол оварда, аз гузаштаи шарафмандонаи миллати хеш ифтихор менамоем.
Ватандорӣ, албатта, ин бахти беназир барои ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, масъулияти бузургро бар уҳдаи соҳибватан вогузор менамояд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, якпорчагии сарзамин, баромад бар муқобили зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз аз ҷониби бадхоҳони миллати мо роҳандозӣ мегарданд, вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибватан ба шумор рафта, бояд дар иҷрои ин амалҳо содиқонаю софдилона камари ҳиммат бубаст. Бо назардошти муҳимияти шиори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат ба таҳкими низоми илму маориф ва, бо ин роҳ, тарбияи насли хештаншиносу ватандӯст талошҳои хастанопазир доранд. Ҳанӯз 28 августи соли 1995 маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳуриро даъват намуда, бо онҳо дар мавзуи “Низоми таълимро дар заминаи арзишҳои волои умумибашарӣ ва худшиносии миллӣ ба роҳ монем!” мулоқот оростанд.
Сарвари давлат ҳозиринро бовар кунонданд: “...то замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ба маънои дигар хазинаи сарвати ақлӣ ҳастанд зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем ба пешрафт умед бастанамон душвор аст. Ин нуктаи муҳим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҳеҷ ҷамъомад, суҳбату мулоқотҳое, ки дар сатҳи роҳбарияти кишвар доир мегарданд, бе муҳокимаи масъалаҳои марбут ба ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон, аҳли илму маърифат, донишҷӯён, беҳтар кардани вазъи иҷтимоии онҳо намегузарад”.
Ин иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар саҳми бузурге дар ҷодаи тарбияи ҷавонону наврасон тавассути дастгирии кормандони соҳаи илму маориф, ҷавонон ва соҳаҳои тандурустию иҷтимоӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтори худ диққати маорифчиёнро ба он равона сохтанд, ки шогирдонро аз сарвати ганҷинаҳои ақлии ниёгон огоҳ созанд ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Тамоми осори аз гузашта боқимонда гувоҳи равшани онанд, ки аҷдодони мо чӣ гуна ба сатҳи баланди маданияти меъморӣ, шаҳрсозӣ, ободонӣ, наққошӣ ва пайкарасозӣ расида будаанд.
Мисоли аниқ, системаи обгузаронӣ дар Аврупо дар охири асри ХIХ роҳандозӣ гардид, вале бозёфтҳои ҳафриётҳои Саразм, Қубодиён, Тахти Сангин, Ҳулбук, Ҳисор ва ғайраҳо нишон доданд, ки ниёгони мо ҳанӯз дар асрҳои IV-III-и пеш аз милод аз ин касб бархурдор будаанд. Ё худ, Закарёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Умари Хайём ва бисёри дигарон доири илмҳое, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо ба нашъунамо расидаанд, кашфиётҳои зиёд доштанд. Ин гуна дастовардҳои ақлии ниёгонро ба асос гирифта, Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари таърихии худ “Аз Ориён то Сомониён”-ро ба хотири таҳияи Консепсияи миллии таълими таърихи Ватан мутобиқ ба замони соҳибистиқлолӣ асоснок намуданд.
Ҳамзамон, барои васеъ гардондани заминаи сарватҳои нави ақлӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мутобиқ ва ҳамқадами замон гардондани онҳо ба хотири он, ки насли наврас ба сифати нави таълим фаро гирифта шавад ва маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат шуда тавонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тадбирҳои муҳими ҳуқуқӣ, илмӣ-методӣ ва таҷрибавию амалиро роҳандозӣ намуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маркази асосии салоҳиятноки бавуҷудовариву ҳифз ва таҳкими сарвати ақлӣ – Вазорати маориф ва илм, инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунанд. Ҳар ду марказ аз муассисаҳои сершумори касбӣ-техникӣ ва таълимӣ-тарбиявии ба истеҳсоли неъматҳои маънавӣ машғулбуда, таркиб ёфтаанд ва чун василаи асосии рушди истеҳсолот, иқтисод ва иҷтимоиёт хизмат мекунанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба пурқувват намудани дастгирии пешрафти илму техника ва дигар мояҳои ақливу зеҳнӣ, ҳамчун яке аз фишангҳои асосии пешрафти ҷомеа менигараду ба таҳкими он ғамхорӣ менамояд.
Масъалаи маънавиёти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар Тоҷикистони соҳибистиқлол то андозае ҳаллу фасли худро пайдо намуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки ин аз меҳнату заҳматҳои софдилонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар тарбияи насли ҷавони ватандӯст ва худогоҳ бетараф набошем, зеро бетарафии имрӯза, ин теша задан ба пояҳои модию маънавии фардои кишвар мебошад.
Чуноне ки аз гуфтаҳои боло бар меоянд, нақши Пешвои миллат дар ҷодаи ватандӯстии ҷавонон бағоят бузургу таъсирбахш буда, имрӯз мо фаъолияти ҷавононро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба хубӣ эҳсос менамоем. Ҳамаи ин ғамхориҳо мо – ҷавононро водор менамоянд, ки дар ин давраи ҳассосу ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, беш аз ҳар вақт ҳушёру зирак бошем, ватанамонро дӯст дорем ва нагузорем, ки ҳеҷ як манфиатхоҳ ва бадхоҳе дар давлати мо ҳадафҳои бадхоҳона ва манфиатҳои нопоки худро пиёда созад.
Шафқат ОДИНАЕВ,
директори Муассисаи давлатии таҳсилоти
миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5
барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и
шаҳри Душанбе