Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шуро – раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид.
Дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, муовини якуми раиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Асо, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода, роҳбар ва аъзои Кумитаи иҷроияи стратегия ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ворид намудани тағйирот дар ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозӣ, интихоби муовинони раиси Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисобот оид ба раванди иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023, муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шуро Ҳоким Холиқзода бо сухани ифтитоҳӣ кори ҷаласаро оғоз намуда, зикр кард, ки дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми июли соли 2022, таҳти №314 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардидааст. Дар робита ба ин, пешбурди сиёсати оқилона дар ин самт метавонад ба таъмини суботи низомҳои молиявӣ мусоидат намояд.
Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – уми июни соли 2023, № 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба тасвиб расид, ки ба васеъ гардидани фарогирии молиявӣ дар кишвар тақвият бахшид.
Ҳадафи дигари фарогирии молиявӣ ин беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад, ки барои рушди устувори бахши молиявӣ, солимгардонии фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ нақши муҳим мебозад.
Таъкид шуд, ки яке аз сохторҳои идоракунии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Кумитаи иҷроияи он ба ҳисоб меравад ва вазифаи он амалӣ намудани идоракунии ҳамарӯзаи чорабиниҳои Стратегия, ташкил ва дастгирии чорабиниҳои Шурои ҳамоҳангсозӣ ва гурӯҳҳои корӣ мебошад.
Дар ҷаласа, инчунин, масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои асосии Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид ва он аз ҷониби аъзои Шуро дастгирӣ ёфт.
Ҳамзамон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовинони раиси Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Сипас, дар назди ҳозирин бо рӯнамои муфассал оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ – муовини директори пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломзода, - иброз дошт, ки ҳисоботи мазкур дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикстон ва роҳбарони гурӯҳҳои кории Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ омода гардидааст.
Таъкид шуд, ки оид ба корҳои иҷрошудаи нақшаи чорабиниҳои Стратегия дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои муваззафгардида ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур аксари аъзои Шурои фавқу зикр суханронӣ ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Дар хотима ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баромад намуда, аъзои Шуроро барои саҳм гузоштан дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 даъват намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»