Шоми 3-юми октябр, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодрӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боксёри шинохтаи кишвар Давлат Болтаев (-92 кг) дар XIX Бозиҳои Осиё (23-юми сентябр – 8-уми октябр, Ҳангжоу) қаҳрамон гардид ва шоми Тоҷикистони азизро “тиллоӣ” кард. Зимнан, бояд гуфт, ки ин дуюмин медали тилло дар таърихи риштаи бокси кишвар аз Бозиҳои Осиё маҳсуб мешавад. Нишони заррини якумро ҳабдаҳ сол қабл Ҷаҳон Қурбонов (2006, Доҳа, Қатар) ба даст оварда буд.
Давлат дар қувваозмоии аввалини худ Арслонбек Очилови туркманро дар раунди дуюм бо нокаут шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Барои роҳ ёфтан ба нимфинал ӯ бар Эркин Одилбек Уулу (Қирғизистон) зафар ёфт. Дар нимфинал паҳлавони тоҷик Ҷаеминг Ҷионг (Корея)-ро мағлуб намуда, роҳашро ба финал ҳамвор сохт ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 гардид. Дар зӯрозмоии ҳалкунанда Давлат Болтаев бо Ҳан Ҳуежен (Чин) вориди набард шуд. Рақобати онҳо дар се раунд ҷолибу диданӣ сурат гирифт ва доварон (3:2) боксёри моро ғолиб донистанд.
Пас аз ғолибият Давлат Парчами давлатиро болои сар бардошта, дар ринг чарх мезад, ки ниҳоят ифтихорафзо буд. Ифтихор аз Тоҷикистон, ифтихор аз фарзандони номбардори Ватани маҳбуб. Аз ин ҷост, ки дар симои як варзишгар симои як кишвар таҷассум меёбад ва музаффарияти ӯ музаффарияти як давлат дониста мешавад. Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: «Шумо бояд бо кору пайкори ибратомӯзи ҳамарӯзаатон собит созед, ки варзиш маънои нерумандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирӯз меҳисобад, дар замири ҳар шаҳрванди ватандӯсту бонангу номус аз ин дастовардҳои фарзандони шуҳратёри Ватан ифтихори беандоза бедор мешавад. Шумо дар ёд дошта бошед, ки миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад».
Давлат Болтаев пас аз ин муваффақият дар суҳбат бо хабарнигори ТВ «Варзиш», ки дар макони баргузории мусобиқаҳо қарор дорад, чунин ибрози назар намуд: «Пеш аз ҳама, ифтихор мекунам, ки тоҷикам. Сипоси худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонам, ки барои мо – варзишгарон, тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд. Инчунин, барои рушди варзиши Тоҷикистон корҳои шоистаро анҷом дода истодаанд. Ҳар иқдоми онҳо барои варзишгарон ангезаи иловагӣ медиҳад, то ғалаба ба даст оранд. Мо кӯшиш мекунем, ки Парчами кишвар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барафрохта шавад ва ба шарафи ғалабаҳоямон Суруди миллӣ садо диҳад». Ӯ афзуд, ки барои қаҳрамон гардидан, роҳи сангинеро паси сар намудааст.
– Дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда натавонистам. Хушбахтам, ки дар Бозиҳои Осиё бахт ба рӯям хандид. Медали тиллоямро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мардуми сарбаланди тоҷик мебахшам!, – бо сарфарозӣ зикр кард Давлат Болтаев.
Бояд гуфт, ки имрӯз боксёри дигари кишвар Миҷгона Самадова (-57 кг) дар нимфинал мағлуб шуда, барандаи медали биринҷӣ гашт. Инчунин, ӯ роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овард.
Ба ин тартиб, дар Бозиҳои Осиё варзишгарони тоҷик сазовори ҳафт медал гардиданд. Медалҳои дигарро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг, тилло), Темур Раҳимов (+100 кг, нуқра), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг, биринҷӣ), дар риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг, биринҷӣ) ва Ҳақназар Назаров (-90 кг, биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Осиё нишони тилло мегиранд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, барандагони нишонҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан 100 ҳазор ва 50 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Гузашта аз ин, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ғолибон бо хонаи сеҳуҷрагӣ, барандаи медали нуқра – дуҳуҷрагӣ ва дорандаи медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ мушарраф мегарданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”