Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, меҳмонхонаҳо устодону коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардондашудаи СММ ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии сайёҳиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн дар саросари дунё аз соли 1979 таҷлил мешавад, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои зеботарин табиат, иқлими мусоид, кӯҳҳои сарбафалаккашида, дарёву чашмаҳои мусаффо, обҳои минералию шифобахш, иқтидори бузурги сайёҳии экологӣ ва мардуми покдилу меҳмоннавоз буда, бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созанда, бунёдкоронаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба яке аз кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ рушдёфта мубаддал гардад.
Таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангиву табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳиро ба вуҷуд оварда, соҳаи мазкур манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди бемайлони иқтисодиёт ин соҳа ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Созмони байналмилалии сайёҳӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро вобаста ба дастгирӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои пешрафти соҳа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Тибқи ҳадафҳои стратегии умумии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи то соли 2030 мероси бойи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯҳҳову ҳайвоноту рустаниҳои нодир омили муҳими рушди сайёҳӣ ва афзоши ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ маҳсуб меёбад. Бо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.
Таъкид шуд, ки сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳони муосир сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.
Дар охири ҳамоиш ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва кормандони Кумита барои саҳми арзанда дар татбиқ, рушд ва пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо сипосномаҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»