Чист иқбол? Пешбин будан,
Осмон доштану замин будан.
Оре, иқбол он аст, ки аз ту гӯянд, аз некии ту, аз одамияти ту ҳарф зананд дар ғайби ту. Одаме, ки перомуни ӯ сухан меравад, аз табори хештаншиносон аст. Бо ҳама камол боз ҳам ҷурму нуқси худро пайгирӣ мекунад ва пайи ислоҳ аст, ба ризои мардум мекӯшад, талош меварзад, то дили мӯреро наёзорад.
Ному насаб ӯро Абдулбосит Фазлиддинзода Нуралӣ буда, дар деҳаи Вени шаҳри Панҷакент, дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Ӯ аз наберагони шоир Шаҳдӣ, маъруф ба Муҳаммадкарим Латиф мебошад.
Абдулбосит Фазлиддинзода баъди хатми МТМУ № 35 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба поён овард. Дар шаҳрҳои Панҷакент ва Душанбе муддате омӯзгорӣ кард. Баъдан ҳамчун ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, котиби масъули маҷаллаи “Пайванд” адои вазифа намуд. Чанде сармуҳарририи дастури илмию методии “Масъалаҳои маориф” ва “Субҳи умед”-ро бар уҳда дошт. Аз соли 2015 сармуҳаррири дастури методию иттилоотии “Роҳнамои довталаб” ва масъули таҳриру тарҳрезии корҳои табъу нашри Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) аст.
Устоди фанни адабиёташ мегуфт, ки: «Абдулбосит бо пурсишҳо ва кунҷковиҳояш маро водор мекард бештар омӯзам, то сазовори номи омӯзгор бошам. Барои як дабистон намуна буд ва ҳаммактабон ба ӯ пайравӣ намуда, бештар ба хониши бадеӣ машғул мешуданд. Бо ҳалимӣ, самимият фарқ мекард».
Абдулбосит бо мароқи хосса ва кунҷковиву зиракӣ таҳрир мекунад. Муҳаррири босавод ва забондон аст. Дар ягон ҳолат, дар ҳассостарин лаҳзаҳои корӣ иҷозат намедиҳад, ки оинаи ҳазорсолаи забони тоҷикӣ гарде дарёбад. Дар коғаз ҳарфҳоро бо муҳаббати ҷон менависад. Ин аст, ки сардабирии ин он ё нашрияро бо дили пур ба ӯ бовар мекунанд. Медонанд, ки дар кори таҳриру такмил ӯ ҳам ёрро намеранҷонад ва ҳам лаъл ба даст меоварад.
Ин меҳрнома, ки навишта шуд, на танҳо овои меҳри дили як дӯст, як ҳамқалам ва ҳамдил, балки номаи шодбодии ихлосмандонаи ҷамъе аз ёру дӯстони содиқ аст. Паёми онест, ки сари кӯҳи баланд ёҳу мезанад, садоқатномаи ҳамон духтаракест, ки ҳампартааш буду дар китобхонӣ бо ҳам сабқат доштанд ва имрӯз аз ӯ хоҳиш мекунад, то барояш китоб бифиристад, саломатномаи пирамарде, ки ниёиши умрдарозии шогирди меҳрубонашро дорад.
Ин марди сабур ва закиву кордон узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои “Садсолагии матбуоти тоҷик” (соли 2012), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (соли 2011), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (соли 2012), ва Аълочии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) мебошад.
Абдуваҳҳоби ХОЛМУҲАММАД,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон