Агар се кишвари ҳамзабонро, аз теъдоди аҳолиаш камтар ба теъдоди аҳолиаш зиёдтар, номбар намоем, дар Тоҷикистон (беш аз 10 миллион), Афғонистон (беш аз 30 миллион), Эрон (беш аз 80 миллион) ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ки дорои гӯишҳои зиёд аст, бе тарҷумон гап мезананд. Қавму миллатҳои дигар ҳам дар ин кишварҳо ба ҳамин забон муошират менамоянд. Ин ҷо гап дар сари бо ҳамин забон суҳбат карда, ҳамдигарро фаҳмидан аст.
Рақамҳои болоро ҳисоб кунем, миқдори мардуме, ки ба забони мо гуфтугӯ менамоянд, дар ин се кишвар беш аз 120 миллион нафар аст. Бар иловаи ин, тоҷикон ва форсизабонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳудудан беш аз 20 миллион нафар (шояд бештар) зиндагонӣ мекунанд ва ба ин забон гап мезананд.
Соли 2022 дар шумораи 25-уми каталоги забонҳои дунё «Ethnoloque» (Этнолог), ки дар ИМА чоп мешавад, миқдори забонҳои оламро 7151 шумурда, аз ин теъдод сухангӯёни забони форсӣ (ғайр аз тоҷикӣ, дарӣ)-ро беш аз 77,4 миллион нишон дода, онро дар ҷадвал дар ҷои 24-ум қарор додаанд. Дар асоси ин омори охир бо иловаҳои гӯяндагони забони тоҷикии Тоҷикистон, дарии Афғонистон ва дигар тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон забони мо дар радифи забонҳои асосии дунё қарор дорад. Дар натиҷаи ҳисобҳо маълум мешавад, ки дар дунё беш аз 140 миллион, ба гуфти баъзеҳо то 180 миллион нафар ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) сухан мегӯянд.
Дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ва асарҳои пажӯҳандагони дигар зикр мегардад, ки тоҷикӣ ва форсии дарӣ бо гӯишҳои зиёд, ки мардуми се кишвари ҳамзабон (Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) онро бе тарҷумон мефаҳманд, як забон аст. Агар чунин аст, он гоҳ забони тоҷикии форсии дарӣ яке аз 10-12 забони асосии дунёст.
Мафҳуми тоҷик, форс ҳамчун қавми эронӣ беш аз ду ҳазор сол аст, ки дар сарчашмаҳо дида мешавад. Вожаи дарӣ беш аз ҳазор сол аст, ки дар канори форсӣ ва тоҷикӣ чун ҳамрадифи онҳо дар адабиёти навишторӣ ба кор меравад.
Инак, дар садаи ХХ ва дар оғози садаи ХХI дар натиҷаи воқеаҳо, ҳодисаҳо ва тақозои замон се давлати мустақили ҳамзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон номи забони давлатии худро бо се ном – тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ ба як маъно ба кор мебаранд.
Пурсише ба вуҷуд меояд, ки дар муддати ҳазор сол дар Осиёи Миёна амирону султонҳои турктабор буданд, вале чаро забони модарии мо аз байн нарафт? Ба ин савол дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» бо далелҳои илмӣ, дар баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ посухи муфассал дода шудааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар ин минтақа дар тули беш аз 6 ҳазор сол, асосан, мардуми ориёитабор (эронитабор) зиндагонӣ мекарданд. Қавму миллатҳои марбути забонҳои дигар пасонтар омаданд. Дар тули ҳазор соли охир мардуми эронитабори Осиёи Миёна ба гирифториҳои азими сиёсӣ, ҷангу куштору ғоратгариҳо дучор шуданд. Аммо тоҷик (форсизабон) будани аксари мардум боиси он шуд, ки халифаҳо, султонҳо, амирони ҳукмрон бо ин мардум ва забони он созиш намоянд ва ҳатто ақаллияти аз берун омада, онро омӯхта чун забони расмии давлати худ пазиранд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба гуфти профессор, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов «баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ» доранд. Муаллиф дар мақолаи худ «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» дар асоси гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври муфассал, забонро аз нигоҳи сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода, ҳақбинона гуфтаанд: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ – таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард».
Дар китоби якуми Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» решаи бунёди забони тоҷикӣ, таърихи аз ҳамдигар ҷудо шудани забонҳои хешованди хонаводаи ҳиндуаврупоӣ, ба ҳамдигар наздик будани забонҳои гурӯҳи эронӣ ва дар се кишвар се ном гирифтани забон (Тоҷикистон – тоҷикӣ, Афғонистон – дарӣ ва Эрон – форсӣ) дар асоси далелҳои илмӣ баррасӣ шудааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи миллати тоҷик ва забони вайро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор сохт. Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишварамон ба забони тавоно табдил ёфта, ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Баъди истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, муоширати миллатҳо, робитаи байналмилалӣ ва муассисаҳои эроншиносии кишварҳои олам мавриди истифода ва омӯзиш қарор гирифт.
Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон оид ба густариши қаламрави забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва масъалаҳои гуногуни гузашта ва имрӯзаи он асарҳои зиёд ба нашр расиданд. Аммо нашри китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (китоби аввал 2016; китоби дуюм 2020) дар ин марҳалаи таърихӣ дорои арзиш баланд буда, он дар пайванд ва ваҳдати мардуми эронитабор, бахусус форсизабонон, ҷойгоҳи вижае дорад.
Дар ин ду китоб бо санадҳои илмӣ мафҳуми «тоҷику тоҷикӣ», «форсӣ», «дарӣ» ҳамрадифии онҳо, решаи пайдоиши қавми тоҷик дар партави фарҳанги мардуми ориёитабор, ҷойгоҳи забон дар муҳити хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ, дар масири воқеа, ҳодиса ва кашмакашиҳои таърихии кишварҳои дар гузашта мавҷуд, нишон дода шудааст.
Ба гуфти Пешвои миллат, ҳатто аз фатҳи густурдаи забони арабӣ эмин монда «дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».
Ҳамин тавр, мо – ворисони ин забон, бояд онро аз дилу ҷон нигаҳдорӣ намуда, ҳарчи тавонем биомӯзем, эҷод намоем, ташвиқ кунем, аз байни мардум гавҳарҳои дурахшонашро пайдо карда, вориди забони адабӣ созем, то ояндагон аз он баҳра баранд.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ