Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад. Аз нақши Фонди саудии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуд.
Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» баланд арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандӣ баён намуданд.
43,32 КИЛОМЕТР САРҲАДИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН МУВОФИҚА ШУД
Аз 3-юм то 7-уми октябр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, кори тасвири минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд.
ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ СОДИРОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи тиҷорати электронӣ Оберт Пимхидзай ва Чию Нию мулоқот кард.
Дар он вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ тавассути тиҷорати электронӣ, таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг ва логистика, масъалаи ташкили марказҳои логистикӣ дар самти бандубаст, коркард, захира, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат баррасӣ шуд.
СУЛАЙМОНИ АБДУҚАҲҲОР – "МУАЛЛИМИ СОЛ-2023"
Сулаймони Абдуқаҳҳор, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” гардид.
Маросими тақдими ҷоиза зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода 30-юми сентябр дар Кохи “Суруш”-и пойтахт баргузор шуд.
ҶОИЗАИ МАХСУСИ ФИЛМИ “ДОВ”
Филми “Дов”-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар дар Кинофестивали байналмилалии Тошкент “Гавҳари Роҳи абрешим” миёни беш аз 60 филм соҳиби “Ҷоизаи махсуси ҳакамон” гардид. Дар ин бора “Суғд-синамо” хабар додааст.
Фестивал ҳафтаи гузашта дар Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он зиёда аз 500 нафар аҳли синамо аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат кард.