Бо ҳамин унвон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши ҷумҳуриявии бонувон доир гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, дигар меҳмонони расмӣ, занону бонувони фаъоли вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш оид ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувони мамлакат дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар табодули назар карда шуд.
Нахуст, ҳайати расмӣ аз намоиши маҳсулоти дастӣ ва корхонаҳои саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанони бо Гранти президентӣ фаъолияткунанда тавлид шудааст, дидан намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда тавсияҳои судманд доданд. Зимнан, таъкид шуд, ки маҳз бо муҳайё гардидани шароит барои занони хонашин имрӯзҳо дар ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ коргоҳҳои хурду бузург таъсис ёфтанд, ки дар коҳиши сатҳи бекорӣ нақши муассир доранд. Ҳиссаи бонувони соҳибкор ҳоло дар кушодани коргоҳҳои дӯзандагӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бориз аст.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таваҷҷуҳи махсус ба рушди тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ёдрас шуда, саҳми бонувонро дар роҳи расидан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ таъкид намуд. Зикр шуд, ки бонувони тоҷик, ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар заминаи сиёсати оқилона, дурандешона ва ғамхоронаи Роҳбари давлат соҳиби мақому манзалати баланд гаштаанд.
Раиси вилоят аз ниятҳои бади қувваҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мехостанд ҳокимиятро дар Тоҷикистон ғасб намоянд, ёдовар шуда, гуфт, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ фарзонафарзандони миллат таҳти роҳбарию роҳнамоии Пешвои ҷасуру ватандӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ниятҳои нопоки душманонро барбод дода, бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдат дар кишвар ҷомеа, аз ҷумла бонувонро аз оқибати фоҷиабори ифротгароӣ раҳоӣ бахшиданд.
– Бо ифтихор бояд хотиррасон намуд, ки бонувони фаъоли тоҷик аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омадани Ҳукумати конститутсионӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсати дурандешона, сулҳпарварона ва созандаи ин шахсияти таърихӣ ҷамъ омада, барои истиқрори сулҳу субот ва таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, дар радифи мардони миллатдӯсту ватанпарвар саъйю талош варзиданд, – гуфт раиси вилоят.
Вай, ҳамчунин, аз нақши бонувони ВМКБ дар таъмини сулҳу суботи минтақа ёдовар шуд.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ аз нақши занону бонувон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ изҳори назар кард.
Зикр шуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди фаъолияти бонувон, густаришу ташаккул ва такомули маънавии онҳо заминаҳои мусоид ва созгорро фароҳам оварда, имкониятҳои рушдро барои ин табақаи ҷомеа фароҳам сохтанд.
Гуфта шуд, ки дар заминаи амалишавии барномаҳои давлатӣ давоми солҳои охир беш аз 147 ҳазор нафар бонувон ба таҳсилоти касбӣ, 77 ҳазор нафараш дар вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо ба кор ҷалб гардиданд. Имрӯз бонуи тоҷик ба сифати аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумон, ҳамчун намояндаи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису бинокор ва ғайра фаъолият менамояд.
Дар фарҷом аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертиро, ки фарогири сурудҳои васфи ваҳдату истиқлолият буд, манзури меҳмонон намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”