Мир24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ вориди Гурҷистон шуд.
Зимни мулоқоти Илҳом Алиев бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили масоили амният ва сулҳ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ дахл карда шуд. Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва технологӣ низ, матраҳ мешаванд.
Бояд гуфт, ки Озарбойҷон яке аз панҷ шарики бузурги иқтисодии хориҷии Гурҷистон ба шумор меравад.
Илҳом Алиев, ҳамчунин, дар намоишгоҳҳо ва симпозиумҳои илмӣ бахшида ба 100-солагии раҳбари миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ширкат хоҳад кард.
Ҷаласаи Шурои амнияти СММ бидуни қабули изҳорот дар бораи ҳаводиси Ғазза ба поён расид
ТАСС. Шурои амнияти СММ вазъи атрофи Қитъаи Ғаззаро баррасӣ намуд, аммо дар ин марҳила барои қабули ягон санади муштарак талош накард. Дар ин бора иштироккунандагони маҷлиси машваратӣ баъди анҷоми он хабар доданд.
Намояндаи доимии Малта дар СММ Ванесса Фрезер ба хабарнигорон гуфт: “Сухан дар бораи он рафт, ки ҷонибҳо дар вазъияти кунунӣ барои ҳифзи мардуми осоишта ва қатъи хушунат чи кор карда метавонанд”.
Муовини намояндаи ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Роберт Вуд хотирнишон намуд, ки аъзои Шурои амният ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳамлаҳо набояд рух медоданд.
"Умед бар он дорем, ки вазъият бадтар намешавад. Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро анҷом медиҳем, то ки ба густариши он роҳ надиҳем", – афзуд Вуд.
Беш аз як миллион занону кӯдакон дар Афғонистон аз нашъамандӣ ранҷ мебаранд
Sputnik. Дар асоси оморе, ки намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, дар Афғонистон тахминан аз панҷ то ҳашт миллион нафар ба истеъмоли маводи мухаддир одат кардаанд, ки аз ин ҳудуди як миллион нафарашро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд,– иттилоъ додааст "Радио дарӣ".
Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон, зимни ишора ба ин, ки як миллион нафар аз ин афрод занон ва кӯдаконанд, таъкид кард, ки фақр ва дастрасӣ надоштан ба доруворӣ, аз авомили аслии нашъамандӣ байни афғонҳо мебошад.