Ҳамасола дар давраи таътили тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои тобистона ба фаъолият шуруъ мекунанд. Имсол низ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023, таҳти № 126, «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023», бояд фаъолияти истироҳатгоҳҳо бо назардошти шароиту имкониятҳои мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, ба роҳ монда мешуд. Тибқи муқаррарот, лагерҳои тобистонаи мавсимӣ пеш аз оғози фаъолият аз санҷишу назорати маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва Хадамоти давлатии оташнишонӣ гузаранд ва баъд аз гирифтани хулосаи ин ниҳодҳо кӯдакону наврасонро қабул намоянд.
Мутаассифона, истироҳатгоҳи тобистонаи «Ҳамсафар», воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, дар мавсими имсола 245 хонандаи муассисаҳои таълимиро дар ҳолати ғайрисанитарӣ дар ду баст қабул кард. Сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат Абдуманон Ҳабибов ҳанӯз то оғози фаъолияти истироҳатгоҳ дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки мутахассисони марказ дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Ҳамсафар» якчанд корҳои санҷишӣ ва санитарию эпидемиологӣ гузаронда, бо сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ ба фаъолияти он иҷозат надоданд.
Вале, қатъи назар аз ҳолати ногувори беҳдоштӣ, баъдан, сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар асоси муоинаи санитарӣ (15-уми июни соли 2023, таҳти № 261), ба фаъолияти истироҳатгоҳ иҷозат дод. Ин дар ҳоле буд, ки ду кӯли оббозӣ, ки аз оби дарёи Кофарниҳон, баъди убури заминҳои хоҷагии деҳқонӣ пур мешавад, тоза карда нашудааст. Ҳуҷраи тиббӣ, ки чор кати хоб дошт, ба талабот ҷавобгӯ ва барои расондани кумаки аввалияи тиббӣ бо доруворӣ пурра таъмин набуд. Илова бар ин, доруворӣ ва дигар таҷҳизоти заруриро истироҳатгоҳ аз ҳисоби маблағи худ харидааст. Ҳарчанд Тоҷиддин Давлатов духтури истироҳатгоҳ таъин гардида бошад ҳам, ӯ аз иҷрои вазифа даст кашид. Ба кӯдакон дар ду баст ҳамшираи шафқат Шукрона Шафиева ёрии аввалияи тиббӣ расонд.
Гузашта аз ин, шаш ҳуҷраи хоби кӯдакону наврасон низ, ба талабот ва меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуда, биноҳое, ки барои ҷои хоб пешбинӣ гардидаанд, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд.
Ошхонаи истироҳатгоҳ нуқтаи дастшӯйӣ надорад ва, ҳатто, ҷои хӯрокпазию шустушӯйи косаю табақ ҳам вазъаш ғайрисанитарист. Анборхона, биноҳои ёрирасон ва яхдонҳо барои нигоҳдории маҳсулот чандон коршоям нестанд. Ошпазҳо бе либоси махсус хӯрок омода мекарданд. Ба кӯдакону наврасон хӯрок аз рӯи меъёру ҳаҷми муайян дода нашуда, реҷаи ҳаррӯзаи хӯрокхӯрӣ вуҷуд надорад.
Бар пояи хулосаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат, истироҳатгоҳ бояд пас аз бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, аз қабили таъмини гӯшаи таҷҳизоти оташнишонӣ, насби таҷҳизоти аз оташ воқифкунанда, таъмири болопӯши биноҳо, таъмини ошхона бо таҷҳизоти зиддисӯхтор ва гӯшаву аломатҳои бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияташро оғоз мекард. Вале масъулон бепарвоӣ зоҳир намуда, камбудиҳоро бартараф накардаанд.
Дар байни ҳуҷҷатҳо хулосаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдатро низ, пайдо карда натавонистем. Дар робита ба ин, Ашраф Гулов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, гуфт, ки раёсати маорифи шаҳр бо мактуб муроҷиат намуд, вале боре ҳам барои санҷиш гузарондан моро даъват накарданд. Ба унвони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бошад, мактуб ирсол нагардидааст. Тибқи муқаррарот, хулосаи ниҳодҳои болозикр барои шуруи фаъолият зарур мебошад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин камбудиҳо, бо ташаббуси сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Миралӣ Мусофириён ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Холмаҳмад Буриев 245 кӯдаку наврас дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта шуд. 15-уми июни соли равон басти якуми истироҳатгоҳ дар ҳузури роҳбарияти шаҳр, раисони шаҳраку деҳот, роҳбарони якчанд корхонаю идораҳо ва падару модарон бо фарогирии 130 нафар ба фаъолият шуруъ намуд. Ҷойи таассуф аст, ки басти якум ба ҷои 12 рӯзи муқарраргашта даҳ рӯз давом кард. Оғози басти дуюмро бо ҳар баҳона мавқуф мегузоштанд. Ахиран, басти дуюм дар давраи басти сеюми муайяннамудаи қарори Ҳукумати кишвар 10-уми июли соли равон бо фарогирии 115 хонанда оғоз ёфт. Басти дуюм низ ба ҷои 12 рӯзи тақвимӣ 10 рӯзро дар бар гирифт.
Сабаби чунин ранг гирифтани корро Миралӣ Мусофириён ва Холмаҳмад Буриев ба он алоқаманд медонанд, ки ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Ҳамсафар» соли равон сари вақт маблағ ҷудо нагардид ва он дар муҳлати муайяншуда дарҳояшро боз карда натавонист. Идаои онҳо дар ҳоле буд, ки бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 14-уми июни соли 2023, таҳти № 1019 ба суратҳисоби раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат 78 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 63 ҳазору 875 сомонӣ барои озуқаи ду баст, 11 ҳазору 300 сомонӣ барои маоши кормандон ва 2825 сомонӣ барои фонди иҷтимоии кормандони мавсимии истироҳатгоҳ маблағ ҷудо шудааст. Гузашта аз ин, зодмандони 170 хонанда барои 12 рӯзи истироҳати фарзандони худ 200-сомонигӣ маблағ пардохтанд, ки дар маҷмуъ, 34 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Ҳамсафар» ҳар сол аз ҳисоби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъин мешавад. Имсол ин вазифа чун солҳои пешин ба дӯши Гулнора Холова афтод. Тибқи иттилои директор, масоҳати умумии истироҳатгоҳ 6 гектар буда, аз 6 хобгоҳ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ду ҳавзи оббозӣ, майдонҳои футбол, волейбол, бадминтон, тенниси рӯи миз, кинотеатр, майдони баргузории чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию бегоҳирӯзӣ иборат мебошад.
Алорағми гуфтаҳои Гулнора Холова, дар ҳудуди истироҳатгоҳ майдони волейбол, бадминтон ва тенниси рӯи миз ба чашми мо нарасид. Ҳатто, майдони футбол, ки дар даромадгоҳи истироҳатгоҳ мебошад, ҳолати ҳузнангез дошт.
Мушоҳида ва пайгирии мо нишон дод, ки кӯдакону наврасон вақти холии худро, асосан, зери сояи дарахтону дохили бинои хобашон мегузаронданд.
Сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Миралӣ Мусофириён, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Холмаҳмад Буриев ва директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Ҳамсафар» Гулнора Холова иқрор шуданд, ки дар ҳақиқат, истироҳатгоҳ бе хулосаи санҷишии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат фаъолият кард.
Бо назардошти далелҳои болозикр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки хунукназарии масъулони истироҳатгоҳи тобистонаи “Ҳамсафар”, агар аз як тараф риоя нагардидани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар нақзи ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва мақомоти дигари дахлдори соҳа чӣ андеша дошта бошанд?
Муҳаммад ЗОКИР, рӯзноманигор