Синхуа. Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид оли Наҳаён зимни гуфтугӯи телефонӣ ҳодисаҳои ахири Фаластин дар пасманзари афзудани шиддат дар Қитъаи Ғаззаро баррасӣ карданд.
"Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳо ва пешбурди талошҳои дипломатиро барои коҳиши хушунат, тезутундшавии авзоъ, ҳифзи мардуми осоишта, ҷилавгирӣ аз хунрезии минбаъда, ҳамвор кардани роҳ барои ноил шудан ба сулҳи ҳамаҷонибаву одилона, таъмини субот ва амният дар минтақа ба вуҷуд оранд".
Даъвати Гутерриш аз Исроил
Газета. ру. Бино ба иттилои агентии «Reuters», Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар нишасти матбуотӣ аз Исроил даъват намудааст, ки ҳангоми амалиёт дар Ғазза ҳуқуқҳои мардуми осоиштаро эҳтиром кунад.
Вай, ҳамчунин, аз тасмими Исроил барои муҳосираи Қитъаи Ғазза изҳори нигаронӣ намуд ва ҷонибҳоро ба музокира даъват кард.
Қаблан, Гутерриш ҳамлаи Ҳамос ба Исроилро маҳкум намуда буд. Дар ин бора дар шарҳи намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик гуфта шудааст.
Ба гуфтаи Дабири кулли СММ, барои ҷилавгирӣ аз тезутундшавии минбаъда дар атрофи ҳодисаҳои Исроил талошҳои дипломатӣ зарур аст.
Лоиҳаҳои муштараки Россия ва Беларус баррасӣ шуданд
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни мулоқот бо роҳбари маркази содиротии Россия Вероника Никишина дар Минск лоиҳаҳои муштараки рушди иқтисоди Россия ва Беларусро баррасӣ карданд.
"Гурӯҳи пурқудрати ширкатҳои шумо дар чорроҳаи ҳамаи ин муносибатҳо ҷойгир буда, дорои захираҳои муайян, маъмурӣ, захираҳои молиявӣ барои дастгирии муносибатҳои байни Беларус ва Россия мебошад", – гуфт Президенти Беларус.
Вероника Никишина Беларусро кишвари калидӣ номид, ки дар он маркази содиротии Россия тамоми имконоти худро амалӣ мекунад. Ҳамкорӣ дар се самт сурат мегирад. Ин дастгирии содироти маҳсулоти Россия ва ёрӣ ба ширкатҳои Беларус, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо мебошад.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Москва дар мавриди масоили ғалла гуфтугӯ хоҳанд кард
Газета. ру. Раҳбари Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд Ребека Гринспан ва муовини Дабири кулли СММ Мартин Гриффитс бо ҷониби Россия оид ба содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ мулоқот мекунанд.
Ба гуфтаи Стефан Дюжаррик, намояндаи Дабири кулли СММ, Гринспан барои ширкат дар мулоқотҳо дар Москва қарор дорад. Гриффитс, ки раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаро сарварӣ мекунад, дар ҳама ҷаласаҳои фосилавӣ ширкат хоҳад варзид. Тавре Дюжаррик таъкид дошт, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш умед дорад, ки маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ аз Россия ва Украина бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид хоҳанд шуд.