КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар нуҳ моҳи соли равон ба 37 ҳазору 747 киштии ҳавопаймо хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад зиёд мебошад. Чунин гуфта шуд зимни ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти Корхона дар нуҳ моҳи соли равон.
Лоиқ Бегиҷонзода, директори генералии «Тоҷикаэронавигатсия», таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» дар ин давра якчанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харидорӣ ва он таҷҳизоте, ки ниёз ба таъмир доштанд, ба ислоҳсозӣ фаро гирифта шуда, дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд. Ин бевосита ба таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 18 ҳазору 691 парвози транзитӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 дарсад зиёд аст. Инчунин, Маркази авиатсионии метеорологӣ тибқи низоми «TAF» дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯиро дар ин давра ба 93,4 дарсад расонд. Дастоварди дигари Корхона ин насбу васли таҷҳизоти низоми овозӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати «ZAMAK AG» дар филиалҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва омӯзиши кормандон доир ба истифодаи таҷҳизот, инчунин, озмоиши ҳавоии низоми мушоҳидавии ADS-B дар парвози ғайрихатсайрӣ ба қисмати шарқии ҷумҳурӣ бо воситаи ҳавопаймои В 787 мебошад.
Бо мақсади ба роҳ мондани хатти нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо ҳайати кории марбути Чин дар Пекин, вохӯрии сатҳи олии мақомоти авиатсионии ду давлат баргузор шуд. Дар ҷаласа, ҳамзамон, ба тадбирҳои тарбия ва дастгирии мутахассисони лаёқатманд, ташкилу маблағгузории таълиму тадриси касбӣ ва бозомӯзии ҳирфавӣ, инчунин, забономӯзии кормандон дахл шуд. Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, оид ба нақши КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ёдовар шуда, таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҷалб намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»