Sputnik. tj. Дар шаҳри Боку, дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.
“Дар ин замина зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид шуд”, – зикр кард манбаъ.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
Даъвати СҶТ барои ифтитоҳи долони башардӯстона ба Ғазза
ТАСС. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ифтитоҳи як долони башардӯстона барои интиқоли маводи муҳим ба Ғаззаро зарур мешуморад. Тавре намояндаи расмии ин Созмон Тарик Яшаревич зимни нишасти матбуотӣ дар Женева гуфт, захираи маводи зарурӣ дар ҳафт беморхонаи калонтарини Ғазза ба охир расидааст.
"СҶТ ба қатъи хушунат даъват мекунад. Захираҳои мавод ва лавозимоти зарурӣ, ки дар ҳафт беморхонаи калонтарини Ғазза мавҷуданд, ҳоло тамом шудаанд. СҶТ барои харидани лавозимоти тиббӣ як миллион доллар ихтисос хоҳад дод, ки барои табобати то 500 бемор кифоят мекунад», – гуфт намояндаи расмии Созмон.
Зарари глобалӣ аз тағйирёбии иқлим
Мир 24. Аз соли 2000 то 2019 ба ҳисоби миёна ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар асари тағйирёбии иқлим 140 миллиард доллари ИМА зиён диданд. Зарари аз ҳама бештар дар соли 2003, замоне ки Аврупо аз мавҷи гармии ғайримуқаррарӣ азият мекашид, ҳамчунин, соли 2010, вақте ки Россия мавҷҳои гармиро аз сар мегузаронд ва Сомалиро хушксолии шадид фаро гирифта буд, расонда шудааст. Тӯфонҳо дар ИМА дар солҳои 2005 ва 2017 боиси хисороти шадид гаштанд.
Маблағи зарар дар соли 2022 ба 280 миллиард доллар расид.
Тавре муаллифони пажӯҳиш таъкид мекунанд, ин рақамҳо метавонанд аз воқеият хеле пасттар бошанд, зеро дар бораи кишварҳои фақир маълумоти кофӣ вуҷуд надорад.
Мулоқоти Путин бо Муҳаммад ас-Судонӣ
Мир 24. Президенти Россия Владимир Путин аз ҳама ҷонибҳои даргир дар Исроил даъват кард, ки хисорот ба мардуми осоиштаро ба ҳадди ақал кам кунанд. Дар ин бора, вай дар музокирот бо Муҳаммад ас-Судонӣ, Сарвазири Ироқ, изҳор дошт.
Сарвазири Ироқ дар навбати худ гуфт: «Албатта, ин сафар ба баррасии мавқеъҳои муштараки мо ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба равона шудааст. Мо, инчунин, мехоҳем дар истиқрори амният дар Ховари Миёна саҳм гузорем”.