Хонандаи синфи 10-и Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола 10-уми октябр дар гала-консерти Фестивали байналмилалии хайриявии «Асои сафед», ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок карда, маҳорати хуб нишон дод. Дар охир Нилуфар бо медали Фонди хайриявии «Бо амри дил» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.
Дар даври интихобӣ Нилуфар Азизова таронаи «Вақте ту бовар мекунӣ»-ро («When You Believe») пешниҳод намуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагони Фестивал, ҳунари ӯ аз ҷониби муассис ва татбиқкунандаи лоиҳа баҳои баланд гирифт.
Нилуфар Азизова дар гала-консерт миёни зиёда аз 70 сарояндаи боистеъдоди дорои нуқсони босира аз давлатҳои гуногуни олам муваффақона иштирок намуда, ғолиби Фестивал гашт. Ҳамчунин, ӯ бо овозхони маъруфи рус Алсу якҷо ҳунарнамоӣ карда, бо Сосо Павлиашвили, Анита Тсой, Дмитрий Колдун вохӯрд. Юлия Паршута бошад, бо Нилуфар суруди «Чак-чаки борони баҳор»-ро суруд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта намояндаи Тоҷикистон Алим Музофирови 9-сола бо Денис Майданов суруд хонда буд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»