Бо ин ном нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе китоби нави муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, номзади илмҳои филология Носирҷон Маъмурзодаро чоп кард. Китобро, ки аз 294 саҳифа иборат аст, шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба чоп тавсия додааст.
Китоб дар шакли маҷмуи мақолаҳои илмӣ таҳия гардида, ҷанбаҳои таърихӣ, вазъу ҳолат ва мавзуъву муҳтавои воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии Тоҷикистонро дар даҳ соли охир дар се фасл фаро мегирад.
Дар фасли аввал мақолаҳои илмии марбут ба таҳқиқи таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, фасли дуюм пажӯҳишҳо оид ба муаммо ва дурнамои рушди ВАО-и маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккулёбии вазифаҳои нав, масъалаҳои таҳқиқи илмӣ, таҳсилоти журналистӣ ва дар бахши сеюм баҳси масъалаҳои касбии рӯзноманигорӣ ҷой дода шудааст.
Профессор Мурод Муродӣ дар пешгуфтори китоб навиштааст: «Китоб масъала ва мавзуъҳои гуногуни рӯзноманигориро фаро гирад ҳам, объекти таҳқиқ ВАО-и вилояти Хатлон, бахусус матбуоти даврии он аст. Фаъолияти чандсолаи муаллиф ба ҳайси масъули бахши иттилоот дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармуҳаррири нашрияи вилоятии «Хатлон» барояш имкон фароҳам овардааст, ки ҳолат ва авзои воситаҳои ахбори вилоятро хуб омӯзад, мушкилот ва монеаҳои мавҷударо ошкор созад ва баҳри ҳаллу ислоҳи камбудиҳо саҳм гирад. Ба ин мазмун, дар пажӯҳишҳои ӯ мушоҳидаҳои рӯзноманигорӣ, фикри иҷтимоӣ, таҳлили мантиқӣ ва назари интиқодӣ паҳлуи ҳам омадаанд».
Умуман, маҷмуаи Носирҷон Маъмурзода «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо» дар илми рӯзноманигории тоҷик саҳифаи нисбатан тоза буда, барои муҳаққиқони соҳаҳои ВАО ва таърих, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ судманд арзёбӣ мешавад.
Кароматуллоҳ АТО,
«Ҷумҳурият»