13-уми октябр дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карда, сухан ронданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.
Зимни ҷаласаи хоса ва бо иштироки ҳайатҳо, сарварони давлатҳо масъалаҳои феълии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро матраҳ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои минбаъд низ пур намудани рӯзномаи ИДМ бо мундариҷаи амалӣ изҳори омодагӣ намуда, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи Иттиҳод андешаи хешро иброз доштанд.
Сарвари давлат бо итминон гуфтанд, ки қарорҳои зимни ҷаласа қабулшуда, ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ дар доираи Иттиҳод такони иловагӣ хоҳанд бахшид.
Дар заминаи масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, Президенти мамлакат таъкид сохтанд, ки дар шароити феълӣ давлатҳои аъзои ИДМ бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар робита ба ин, аҳамияти татбиқи муттасили Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030 таъкид шуд. Ба гуфти Пешвои муаззами миллат, зимни татбиқи стратегияи иқтисодии ИДМ ҳам имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои аъзо ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешбурди «иқтисоди сабз», бахусус «энергетикаи сабз», инчунин, масъалаҳои тағйирёбии иқлим самтҳои муҳими ИДМ боқӣ мемонанд. Дар ин замина, азми Тоҷикистон барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ гардида, ба ҳамкории минбаъдаи созандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт изҳори умед карда шуд.
Пешвои миллат муҳимияти таҳкими минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ ва гуманитариро ишора карда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар ҷумҳурӣ баён доштанд.
Дар суханронии Сарвари давлат, ҳамчунин, ба миқёси ташвишовари зиёдшавии хатару таҳдидҳои амниятӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Ба муҳимияти идома додани татбиқи қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гашта, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрии ИДМ дар бахши амният таъкид гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ 15 қарор ва санад қабул шуд. Раёсат дар Иттиҳод ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт.
Баъди анҷоми ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳамин ҷо бо иштироки сарварони давлатҳо маросими супурдани Нишони ифтихории ИДМ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Мукофоти олӣ – Нишони ифтихории ИДМ, 7-уми октябри соли 2002 бо қарори Шурои сарварони кишварҳо таъсис ёфта, ба роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин, дигар арбобони давлатию ҷамъиятии мамлакатҳои аъзои ИДМ супурда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2007 барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди ИДМ, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои аъзои ИДМ, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният бо ин мукофоти олӣ мушарраф шуданд.