Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Лоиқ Тӯйчизода, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки ҷаласаро Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуда, маърузаи муовини вазири кишоварзӣ Машокир Назарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нуҳ моҳи соли равон шунида шуд. Зикр гардид, ки Вазорат бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти рустанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонд.
Тайи нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3192,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи Вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахбор пешниҳод намуданд. Аз тарафи раёсати ҳайати мушовара ба масъулон барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Лашкар Сафарзода, муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иҷрои ҳатмии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумат ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулонро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози назар намуд.
Дар охир Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастур дод.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”