Дар байни воситаҳои ахбори омма аз ҷиҳати дастрас будан ва таъсирбахшӣ телевизион мавқеи муҳимро дорост. Имрӯз хонадонеро дарёфт намудан душвор аст, ки барномаҳои телевизиониро тамошо намекарда бошад. Телевизион барои миллионҳо сокинони сайёра яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот дар бораи рӯйдодҳои мамлакати хеш ва тамоми ҷаҳон гардидааст.
Ба шарофати соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол ба сол теъдоди шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон зиёд гардида, имрӯз ба 50 расидааст. Аз ин 15 телевизиони давлатӣ ва 35 телевизиони ғайридавлатии маҳаллии хусусиву ҷамъиятӣ мебошанд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ 9 шабакаи телевизионии соҳавии ҷумҳуриявӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис ёфта, шабонарӯзӣ бо формати HD фаъолият мекунанд. Имрӯз тариқи моҳвора бинандагон имкон доранд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон тамошо кунанд.
Телевизион бозёфти беназири асри ХХ ба шумор рафта, дар ҳаёти инсон ва рушди ҷомеа ба аҳамияти бузург молик мебошад. 3 октябри соли 1959 Телевизиони тоҷик аввалин барномаҳои хешро дар шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ манзури бинандагон гардонда буд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дертар, аниқтараш дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ҳоло ВМКБ) ва вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) студияҳои телевизиони вилоятӣ бунёд карда мешаванд. Ин студияҳоро мутахассисони Телевизиони “Тоҷикистон” бо дастгирии ҳукуматҳои вилоятҳои номбаршуда ба кор меандозанд.
Тоҷикистон истиқлол ба даст оварду баъди чанде ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтид. Дар натиҷа бесару сомонӣ на танҳо дар давлатдорӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ҳукмрон гашт. Воситаҳои ахбори омма аз ин истисно набуд. Матбуот чоп мешуд, аммо то ба дасти хонанда рафта намерасид. Ягона воситае, ки тавассути он шаҳрвандон хабари навро мегирифтанд, ин телевизион ва радио буд. Махсусан, телевизион, ки тавассути навор аз ҷойи воқеа ва рӯйдод оҷилӣ иттилоъ медод, бинандаро аз ҳама бештар ба худ ҷалб мекард. Шояд ҳамин боис шуд, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (солҳои 90-уми асри ХХ) гурӯҳҳои муайян барои ба даст даровардани телевизион ҷаҳд мекарданд. Шахсони тасодуфӣ сари кор омада, кор то ба дараҷае расид, ки шахсони аз кӯчаи журналистикаи телевизион нагузашта, ба эфир мебаромаданд. Ба бинандагон ба ном барномаҳо пешкаш мешуданд, ки на сенария дошту на касе онро таҳрир ва муҳокима мекард, бо ғалати мантиқию сиёсӣ, барандагии ғайрикасбӣ, бе риояи талаботи жанрӣ пешниҳод мегардид, ки ба дарди ҷомеа барнамехӯрд. Телевизиони давлатиро ҳамчун минбари сангандозӣ ба тарафи муқобили худ истифода бурдан боиси он шуд, ки шаҳрвандон ба барномаҳои телевизион бо шубҳа ва нобоварӣ менигаристанд.
Дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб вилояти Суғд дар моҳи ноябри соли 1992 бо интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба телевизион аҳамияти махсус дода шуда, роҳбарияти нави Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Вақте ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба пешрафти ин раванд аз ҷиҳати қонунӣ имкониятҳои васеъ кушода шуданд. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда шуд: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст”.
Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имкон фароҳам овард, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар телевизионҳои маҳаллӣ таъсис ёфта, ва фаъолият намоянд. Ҷиҳати дигаре, ки ба ин раванд таъсири худро расонд, ин пеш аз ҳама, зарурат ба ин воситаи ахбори омма буд. Ба фаъолият шуруъ намудани ҳар як телевизиони маҳаллиро мардуми шаҳру ноҳияҳо бо хушнудӣ қабул мекарданд.
Инчунин, ба раванди ташкилёбии студияҳои телевизионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» 14-уми декабри соли 1996 такони ҷиддие расонд.
Инак, телевизиони тоҷик 64 сол мешавад, ки фаъолият мекунад. Дар таъсис ва рушди он даҳҳо нафар олимон, шоиру нависандагон, журналистону режиссёрон, наворбардорону танзимгарон ва дигар кормандони эҷодиву техникӣ саҳми сазовори хешро гузоштаанд. Баробари ин дар муҳити Телевизиони тоҷик мактабе пайдо гаштааст, ки дар он журналист ҳаматарафа обутоб ёфта, ба дараҷаи шахси дорои хулқу атвори нек, ҷаҳонбинии васеъ, некбину некхоҳ, бунёдкору созанда ва меҳнатдӯсту меҳанпарвар месабзад. Зеро дар кори коллективона, омӯзиши ҳамарӯза ва шиносоӣ бо шахсони касбу кори гуногун, бо омӯхтани тарзи муносибат намудан, ба суҳбат гирифта тавонистан ва аз таҷрибаи бойи онҳо баҳравар гаштан ба ин имконият фароҳам месозад.
Телевизиони тоҷик дар давоми мавҷудияти хеш дар рушду пешрафт ва ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарҳангии мардуми тоҷик, ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва пойдории он хизмати арзанда ва бебаҳое кардааст. Имрӯз дар пурра гардондани фазои иттилоотии кишвар, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хосса дошта, дар огоҳонидан ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дорад.
Зулфиддин МУЪМИНҶОНОВ, доктори илмҳои филологӣ