Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 16-уми октябр дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин дидор, ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КДАМ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду ҷониб оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳимияти имзои Протоколи № 44, аз 2-юми октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
«Ҷумҳурият»