Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони ташкилоту корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2023 ҷаласа баргузор гардид.
Раиси ноҳия дар оғози ҷаласа иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд ва ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуданд.
Сипас, оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода гузориш дод. Тибқи маълумот, нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли равон 101,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 41 миллиону 401 ҳазор сомонӣ ба буҷет 41 миллиону 856 ҳазор сомонӣ ворид шуд.
Дар ин муддат ба буҷети маҳаллии ноҳия 25 миллиону 378 ҳазору 224 сомонӣ ворид гашт, ки ба 102 фоизи нақша баробар аст.
Айни ҳол дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусии ноҳия ба маблағи 87 миллиону 422 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 миллиону 322 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёт маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Кишоварзони ноҳияи Деваштич ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 1 миллиарду 14 миллиону 79 ҳазору 800 сомонӣ расонданд, ки ба 106,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 баробар мебошад.
Дар майдони 41 ҳазору 500 гектар кишти зироатҳои баҳорию тирамоҳӣ гузаронда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 517 гектар зиёд аст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳия дар ин давра 78,3 гектар боғу токзори нав бунёд карданд, ки нисбат ба дурнамо 18,3 гектар бештар мебошад.
Доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, фарҳангу сайёҳӣ низ маълумот ироа гардида, нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ шуданд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода зимни таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои дахлдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Сипас, намояндаи ваколатдори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Деваштич, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Чоршанбезода Сураҷ Сайнак баромад карда, таваҷҷуҳи фаъолон ва масъулини сохторҳои дахлдорро ба масъалаҳои самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, хоҷагиҳои деҳқониву корхонаву ташкилот, аз як замин гирифтани се ҳосил, таъмини оби полизӣ, бунёди боғҳои наву иншооти варзишӣ дар маҳалҳо, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, ҷиноятсодиркунӣ ва дигар масоили мубрам ҷалб намуд.
Зимни суханронӣ муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар баробари муваффақиятҳо аз як қатор камбудиҳо ёдовар шуд. Вай иштироккунандагони маҷлисро вазифадор кард, ки аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода бурда, нақшаҳои барномавии солро сари вақт иҷро намоянд.
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои пешрафту шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон ҷаҳду талош менамоянд.
Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич