ТАСС. Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, зимни гуфтугӯи телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Миср Сомеҳ Шукрӣ изҳор дошт: «Чин тарафдори он аст, ки Шурои амнияти СММ дар оташбаси байни Исроил ва Фаластин нақши муносиб бозад ва амалҳоеро, ки ба мардуми осоишта зарар мерасонанд, маҳкум мекунад».
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар Минск вазири корҳои хориҷии Венесуэла Иван Гил Пинторо ба ҳузур пазируфт. Александр Лукашенко зимни суҳбат пешниҳод намуд, ки харитаи роҳ барои ҳамкорӣ бо Венесуэла таҳия шавад. Роҳбари Беларус Венесуэларо шарики дерина номид ва хостори ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои Минск ва Каракас шуд.
Мир24. Имзои 30 санади тиҷоратӣ ба маблағи 16,5 миллиард доллари ИМА натиҷаи сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Чин аст. Сухан дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи интиқоли технология барои истеҳсолот, кушодани хатҳои кредитӣ дар соҳаи нафту газ, логистика, энергетика меравад.
Reuters. Сатҳи об дар дарёи Амазонка бар асари хушксолӣ ба поинтарин сатҳи худ дар 120 соли охир расидааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин минтақа тақрибан се моҳ боз борон наборидааст ва гармӣ нисбат ба хушксолиҳои қаблӣ хеле сахттар аст.
ТАСС. Бино ба иттилои Маркази федеролии буҳроншиносии Шведсия шахсе, ки рӯзи душанбе ду мухлиси тими миллии футболи ин кишварро парронд, ҳангоми боздошт кушта шуд ва шахсияташ маълум гардидааст.
Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ