Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ёрии башардӯстона фиристода шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки кумак аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷиҳози хоб, оби нӯшоӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарур иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Ёрӣ тавассути 130 мошини боркаш ба Афғонистон интиқол ёфт, ки он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван
Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ касб карда, ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. «Мо мехоҳем бо истифода аз имконияти васеи Созмони шумо дар сатҳи байналмилалӣ ин таҷрибаи сулҳхоҳонаро ба ҷаҳониён ҳамаҷониба ва беҳтар муаррифӣ намоем», – гуфт дар фарҷоми суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода.
Нақши глобалии СҲШ дар Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай: баланд бардоштани нақши глобалии созмон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фазои СҲШ» ҳамоиш баргузор шуд.
Дар он ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, дабири кулли СҲШ Чжан Минг, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни ҳамоиш оид ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати мардумон ва минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳайати расмии Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии Пекин
Дар Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ», ки 17-18-уми октябр дар Пекин доир гашт, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иштирок кард.
Дар Хадамоти гумрук ба мо тавзеҳ доданд, ки дар Форум намояндагони 130 давлати ҷаҳон ва 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд. «Як камарбанд, як роҳ» ташаббуси кишвари Чин буда, барои такмили долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ замина фароҳам оварда, зиёда аз 60 давлати Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам пайваста, барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд.
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат
Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Жилбер Унгбо мулоқот намуд.
Аз Сафорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нишасти солонаи марказҳои Орхус
Дар шаҳри Душанбе нишасти солонаи марказҳои Орхус баргузор гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони марказҳои 14 давлати дунё иштирок намуда, фаъолияти худро дар соли равон натиҷагирӣ карданд.
Иштирокдорони нишаст масъалаҳои муҳими марбут ба нақши марказҳоро ҷиҳати ҷалби ҷомеа барои иштирок дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои муҳити зист, пешбурди принсипҳои «иқтисодиёти сабз» ва нақши марказҳои Орхус дар идоракунии партовҳои хатарнок баррасӣ намуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додааст.