НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ТОҶИКИСТОН-2023" ДОИР МЕШАВАД
26-29-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2023" баргузор мешавад.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноат, ҳадаф намоиши дастовардҳо дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулот ва хизматрасониҳои нав барои тавсеаи фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳо ва ҷалби сармоягузорон мебошад.
Дар Намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои пешрафта на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Россия, Беларус, Покистон ва Чин низ ба тамошо гузошта мешаванд.
ФУРӮШИ БАРҚ БО МАБЛАҒИ 20 МЛН ДОЛЛАР ДАР МОҲИ СЕНТЯБР
Моҳи сентябри соли равон Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 20 млн доллари ИМА барқ фурӯхтааст. Ин нишондиҳанда дар моҳи август ба 22 млн доллар баробар буд.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, умуман, дар 9 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 104,5 млн доллари ИМА маблағ ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8% зиёдтар аст. Маблағи бадастомада аз содироти барқ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 99,8 млн доллари ИМА баробар буд.
ШХС “Барқи тоҷик” иттилоъ додааст, ки содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон сурат гирифта, ба Афғонистон, ба хотири дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зерсохтор, дар мавсими тирамоҳу зимистон низ, идома меёбад. Аммо дар замони сардиҳо, вақте ки дар худи Тоҷикистон камбуди барқ эҳсос мешавад, интиқоли он ба Афғонистон 10 баробар - аз 400 то 40 МВт коҳиш меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 17,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 4,8 дарсад зиёд мебошад.
МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР “KAHRAMANMARAS EXPO 2023”
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноат, МИҲД Данғара гӯшаи миллии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз “Kahramanmaras EXPO 2023” фаъол намуд.
Гӯшаи Тоҷикистон аз 800 метри мураббаи боғи дарахту гулҳо ва 50 метри мураббаи толор иборат буда, молу маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Бунёди гӯша дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз “Kahramanmaras EXPO 2023”, ки байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳраманмараши Туркия 13-уми сентябри соли 2022 ба имзо расонда буд, сурат гирифт.
Дар ҳошияи Намоишгоҳ раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон бо раиси ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳраманмараши Туркия Ханифе Маҳчичек мулоқот кард. Ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои Тоҷикистону Туркия, алалхусус ноҳияҳои мавриди назар дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзию саноати сабук ибрози назар намуданд.
Намоишгоҳ то 14-уми январи соли 2024 идома меёбад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”