Сатҳи рушди иқтисодиёт дар ҳама давру замон асос ва гарави ҳастии давлату ҷомеа мебошад ва он аз субот, вазъи сиёсӣ, самаранокии сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти саривақтӣ, сатҳи тахассусии кормандон, сифати идоракунӣ ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.
Иқтисодиёти кишвари мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба таъсири омилҳои гуногун (ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хароҷотҳои зиёд барои барқароркунии баъдиҷангии он, кишварро тарк кардани кормандони баландихтисос, сармоягузории ками дохилию хориҷӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2009, пандемияи COVID-19 дар соли 2020 ва ғайраҳо) дар сатҳи гуногуни коҳишёбию рушд қарор дошт, ки онро чунин тасвир кардан мумкин аст:
Расми 1. Тағйирёбии ҳаҷми солонаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
(солҳои 1991-2022)
Чуноне ки мебинед, солҳои ҷанг иқтисодиёти кишвар аз 3/2 ҳиссаи худро аз даст дода буд. Танҳо баъди соли 1997 он каме рушд кард, аммо ин маънои онро надошт, ки мо дарҳол ба сатҳи давраи пешазҷангӣ баргашта бошем.
Гарчанде иқтисодиёти кишварҳои дигар дар муддати нисбатан кӯтоҳ барқарор гардид, иқтисодиёти Тоҷикистон миқдоран дар 21 сол (соли 2012) ва сифатан дар 25 сол (соли 2016) барқарор ё ба таври дигар сатҳи соли 1991-ро соҳиб гаштааст. Ва агар ба болои он имкониятҳои аздастрафтаро илова кунем, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро тақрибан 45-50 сол ба қафо партофтааст. Албатта, вобаста ба имкониятҳои молиявӣ аввал соҳаи кишоварзӣ (соли 2007) ва баъд соҳаи саноат (соли 2013) сатҳи рушди соли 1991-ро соҳиб гаштанд. Баъдан, иқтисодиёти кишвар ҳамасола дар сатҳи зиёда аз 7,0% рушд кардааст.
Маълум аст, ки вазъ ё ҳолати иқтисодиётро аз рӯи иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар муайян ва тасдиқ карда мешавад, баҳогузорӣ менамоянд. Вобаста ба вазъи иқтисодиёт Ҳукумати кишвар сиёсати иқтисодии худро ба роҳ монда, ҳангоми зарурат чораҳои дахлдор меандешад. Дигар шудани вазъи иқтисодиёт метавонад боиси коҳиш ё афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, бекорӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ гардад. Иҷрои нишондиҳандаҳои муайяншудаи иқтисодӣ дар сатҳи нисбатан пасттар шаҳодати дигар шудани вазъи иқтисодист, ки ба таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Ин аст, ки вазъи иқтисодиёт ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Нишондиҳандаҳои муайянкунандаи вазъи иқтисодӣ инҳоянд: маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД), ММД ба ҳар сари аҳолӣ, таваррум, қарзи берунӣ, ҳиссаи қарзи берунӣ дар ММД ва ғайраҳо. (Ҷадвали 1)
Вобаста ба таъсири омилҳои гуногун ин нишондиҳандаҳо сол ба сол тағйир меёбанд. Солҳои пеш омилҳои таъминкунандаи рушди иқтисодиёт инҳо буданд: сатҳи пасти иқтисодиёт вобаста ба натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, маблағҷудокуниҳо аз буҷет ва сармоягузориҳои дохилӣ.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ (солҳои 2011-2022)
Аксари ин омилҳо, аллакай, нақши худро ба пуррагӣ ё қисман иҷро намуданд. Масалан, иқтисодиёти кишвар дар ин солҳо чандин баробар афзудааст ва ташкили якчанд корхона наметавонад боиси суръати баланди рушди ММД гардад. Сармоягузориҳои хориҷӣ низ сол ба сол кам мешаванд. Аз ин ба баъд лоиҳаҳое, ки маблағгузорӣ шуда истодаанд идома меёбанд.
Мақсади олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Нишондиҳандаи муҳиме, ки тағйирёбии сатҳи некуаҳволиро нишон медиҳад, Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Маълумотҳои ҷадвали 1 шаҳодати онанд, ки ин нишондиҳанда дар 10 соли охир аз 5019,1 сомонӣ то 11577,3 сомонӣ ё 130,7 фоиз афзудааст ва ин раванд идома дорад.
Пешрафти иқтисодиёт, рушди пайвастаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таҳти назорат будани сатҳи таваррум, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои нави корӣ натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боварии мардуми кишвар ба ояндаи неки он мебошад.
Эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат маҳз ба таъмини рушди босуръати иқтисодиёт равона шудааст ва татбиқи саривақтии он метавонад афзоиши пайвастаи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намояд. Новобаста аз ин, барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёт идомаи ислоҳоти он шарти зарурӣ мебошад.
Дар қатори ҳамаи чорабиниҳои дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва барномаҳои соҳавӣ муайяншуда ба андешаи мо татбиқи чорабиниҳои зерин низ аз манфиат холӣ нест:
- идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият ва боло бурдани рейтинги кишвар дар низоми баҳодиҳии созмонҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва асос барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- дар доираи татбиқи супоришҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷорӣ кардани низоми ҳисобдорӣ дар саросари кишвар ва бақайдгирии ҳамаи амалиётҳо. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд “Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.”;
- зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт;
- кам кардани ҳаҷми пулҳои нақдӣ дар муомилот ва истифодаи онҳо ҳамчун сарчашмаи қарздиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ;
- татбиқи саривақтии Фармони Президенти кишвар оид ба гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- боло бурдани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ.
Ҳамин тариқ, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2000-ум бо суръати бештар рушд намуд. Дар ин давра ба он буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2009 ва пандемияи COVID-19 дар соли 2020 таъсири манфӣ расонд, вале ин боиси коҳиш ёфтани он нагардида, танҳо суръати рушди иқтисодиётро коҳиш доданд. Новобаста ба камбудиву норасоиҳои ба иқтисодиёт таъсиррасон соҳибистиқлолӣ ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ дод. Пешбурди сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ, қабули қарорҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳалли саривақтии мушкилиҳои бамиёномада суръати зарурии пешрафти иқтисодиёти кишварро таъмин намуд ва дар навбати худ барои рушди минбаъдаи он замина гузошт.
Шариф РАҲИМЗОДА, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ