Ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ аз бузургтарин ҳиссиёти инсон ба шумор меравад. Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз бузургтарин вазифаҳои ҳар як шахси соҳибватан ва дилогоҳ мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурғановатамон таъкидҳо намуда, моро ба он раҳнамун месозанд, ки Ватанро дӯст дорему дар рушду пешрафти он саҳм гузорем.
Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири ҷавонон диққати махсус дода, таъкид намуданд: “Эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Дар заминаи таҳлили паёмҳои чанд соли охири Сарвари давлат маълум гардид, ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули ғояи ватандорӣ ва амсоли ин мавзуъҳо ҳамасола қайд мешаванд ва аз масъалаҳои мавриди назар ба шумор мераванд. Дар паёмҳои худ Пешвои миллат ҳамасола қайд менамоянд, ки вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ин пеш аз ҳама тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллӣ аввало дар замири худ ва баъдан дар атрофиён ба ҳисоб меравад.
22 декабри соли 2017 дар Паёми худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон Роҳбари давлат зикр намуданд, ки тақозои замон аст, то барои ташаккули ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳама якдилона кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ин самт вазифаҳои бештар бар дӯши маориф ва фарҳанг меафтад. Танҳо тавассути ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ метавон дар ин самт ба натиҷаҳои дастрас ноил гардид. Ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат ба даст меоянд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстонаи шаҳрвандони Тоҷикистони маҳбубамон дарак медиҳад.
Дар расидан ба натиҷаҳои назаррас дар ин ҷода Сарвари давлат ҷавононро аз қишри асосии аҳолии мамлакат мешуморанд ва борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз тавассути ҷавонон мо ояндаи устувор ва кишвари мутамаддинро бунёд карда метавонем.
Ватандӯст будан, пеш аз ҳама маънои омода будан ба ҳифзи амният, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои ваҳдату якдилиро мефаҳмонад. Дар шароити душвор ва зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки омода бошем, аз манфиатҳои миллӣ ва амнияту суботи кишвар дифоъ карда тавонем.
Мутаассифона, дар баробари хатарҳои ҷаҳонӣ, хоинони Ватан низ ором наистода, кӯшишу талош мекунанд, то аз қувваи ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, истифода намуда, афкори созанда ва ҳисси меҳанпарастии онҳоро коста созанд. Вале, бо ифтихор ва сарафрозӣ қайд намудан мумкин аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҷавонони 31 сол пеш нестанд. Имрӯз бо дурӯғу дасиса ва буҳтону афсонабофӣ фиреб намудани ҷавонони Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ҷавонони тоҷик имрӯз аз муҳаббат ба Ватан сухан мегӯянд ва мо имкон дорем, баръало аз чашмонашон эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббати мулки аҷдодии худро дарк намоем. Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин, тавре Пешвои миллат зикр мекунанд, набояд зиракии сиёсии худро аз даст диҳем. Ҳамеша дар роҳи амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои нек кӯшиш ба харҷ бидиҳем ва аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор намоем.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин муддат мардуми шарафманди тоҷик ба авзои мураккаби ҷаҳонӣ нигоҳ накарда бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз намуд ва онро ҳамарӯза обод ва нуфузашро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Ин масъаларо Сарвари давлат дар Паёми худ 21 декабри соли 2021 чунин шарҳ доданд: “Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.
Дар маҷмуъ, таъкидҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш дар самти ватандӯстию меҳанпарастӣ моро водор месозад, ки донишу заковати хешро ҷиҳати ободу пешрафти Ватани азизамон равона созем. Дар заминаи таъкидҳои Сарвари давлат дар замири худ ҳисси худшиносию ватандӯстиро парвариш диҳем ва ҷиҳати гулгулшукуфии мамлакати азизамон тамоми ҷаҳду талоши худро равона созем. Фаромӯш насозем, ки ватандӯстию меҳанпарастӣ ба инсон руҳияи бузурги созандагӣ дода, ӯро ба самти амалҳои бунёдкорона равона месозад.
Одилҷон БОБОЗОДА,
декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон