Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт омода намудани муассисаҳои табобатию сохтори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 як қатор корҳои муҳимро ба сомон расондааст.
Тавре аз раёсати тандурустии шаҳр хабар доданд, аз 61 муассисаи табобатию пешгирии шаҳри Душанбе 18 беморхонаи шаҳрӣ, 15 маркази саломатии шаҳрӣ ва 4 дармонгоҳи дандонпизишкӣ, 8 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва стансияҳои дезинфексионӣ, 12 маркази соҳавӣ ва 4 маркази ёрирасон мебошанд.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар шаҳри Душанбе» ва дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе 52 муассисаи табобатию пешгирии сохтори раёсати тандурустии Душанбе барои қабули неруи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2023-2024 ба нақша гирифта шудаанд 44 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 8 муассисаи дигар аз ҳисоби 3 дегхонаҳои локалӣ гарм карда мешаванд.
8 муассисае, ки аз ҳисоби печҳои равғанӣ бо гармӣ таъмин мегардад, барои қабули гармии мутамарказ омода мебошад. Аз муассисаҳои ба нақшаи қабули неруи гармии мутамарказ вориднагашта 1 муассиса аз ҳисоби 1 бойлер, 8 муассиса аз ҳисоби радиаторҳои барқии равғанӣ дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин мешавад.
Муассисаҳои сохтор бо воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин буда, тибқи талабот ҳар сол аз назорати мутахассисони алоқаманд гузаронда шуда, санад оид ба коршоямии онҳо омода мешавад.
Инчунин, ташхиси лаборатории муқовимати изолятсияи болопӯши кабелҳо ва ноқилҳо, контури заминаҳалқаҳо ва ташхис аз рӯи нақшаи тартибдодаи озмоишгоҳи назоратии «Барқи тоҷик» дар муассисаҳо аз рӯйи нақша, санҷиши коршоямии рӯйпӯши кабелу ноқилҳои барқӣ, коркарди қисми азчӯбсохташудаи болопӯши биноҳо бо маҳлули аз оташ муҳофизаткунанда аз ҷониби муассисаҳои дахлдор гузаронда шуда, санад пешниҳод гаштааст.
Дар самти таъмин намудан ва коршоямии лавозимоти зидди сӯхтор оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои дахлдор дода шуда, ин раванд зери назорати роҳбарони сохтор қарор дорад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»