25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон, бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Сарвари давлат, нахуст, бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд.