Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун сохтмон ва таъмиру тармими беш аз 110 иншоот, аз қабили муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасониву савдо, ҷараён доранд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ то имрӯз 20-тои он ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки теъдоди зиёди иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд. Аз ҷумла, чанде пеш бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода дар шаҳраки Обигарм хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун, ки бо саҳми соҳибкор Шерзод Давлатзода бунёд ёфт, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ифтитоҳи иншоот вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зикр кард: “Имрӯзҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ бомаром ҷараён доранд, ки далели рушди соҳаи маорифи кишвар аст. Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар ривоҷу равнақи беш аз пеши Ватани азизамон саҳми худро гузоранд”.
Иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ дуошёна буда, ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ бунёд гардид ва барои 112 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ мегардад. Хобгоҳ дорои 14 ҳуҷраи хоб, ду синфхона, китобхона, ошхона барои 60 нафар, 4 маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, толори варзиш ва майдончаи варзиш бо тамоми таҷҳизоташ ва дорои дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.
Ҳамзамон, зимни кушодашавии хобгоҳ ба хонандагон дастархони идона ороста шуда, дар охир барои фароғати таълимгирандагон бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ пешкаш намуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”