Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар ба Чин меравад
Дар пайи 19-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, 22-юми октябр 4-ум Пара Бозиҳои Осиё шуруъ гардид, ки то 28-уми октябр идома меёбад.
Дар бозиҳо варзишгарони имконияташон маҳдуд аз 43 давлати қора ширкат меварзанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 9 варзишгар аз рӯи 7 намуд намояндагӣ мекунад: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (пара бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велосипедронӣ).
Умуман, ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш ворид гардида, иштирокчиён барои 566 маҷмуи медалҳо талош мекунанд.
Ҳайатро президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Парвиз Бобошарипов роҳбарӣ менамояд.
БОКС
Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат доранд
23-юми октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 3-юми ноябр идома меёбад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, дар Чемпионат миёни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва миёни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат доранд.
Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 24 нафар (13 нафар наврас, 11 нафар ҷавон) ба Қазоқистон сафарбар гардиданд.
Дар асоси нақша 23-29-уми октябр рақобатҳои муқаддамотӣ, 30-31-уми октябр муҳорибаҳои нимфинал ва 2-3-юми ноябр финал баргузор хоҳанд шуд.
ФУТБОЛ
“Истиқлол” ва “Равшан” дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2023
19-уми октябр бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гаштанд, ки дар натиҷа, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб ба финал роҳ ёфтанд.
Бозии ҷавобии дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Турсунзода мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Дар бозии аввал дастаи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд ва бо ҳисоби умумии 2:1 пирӯз гашт.
“Равшан”-и Кӯлоб бошад, аз тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аммо дар бозии аввал бо ҳисоби 3:0 ғолиб гардида буд ва ҳисоби умумӣ 3:2 шуд.
Акнун “Истиқлол” ва “Равшан” дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 вомехӯранд, ки дар оғози моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Эрон – ғолиби Чемпионати CAFA–U14
Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 14-сола ба анҷом расид.
Дар мусобиқа, ки аз 15 то 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гашт, дастаҳои мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат карданд.
Дар даври ниҳоӣ, тими Эрон бар Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 зафар ёфта, бо 5 хол ғолиби мусобиқа гардид. Мунтахаби Эрон дар даври аввал бо Қирғизистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, дар даври дуюм Ӯзбекистонро (1:0) шикаст дод.
Мунтахаби духтаронаи Қирғизистон дар бозии даври охир бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, соҳиби медали нуқра гашт. Ӯзбекистон ҷои сеюм, Тоҷикистон ҷои чорумро сазовор шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз мусобиқа ба тими мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус ва ҷоизаи «Fair Play» тақдим гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”