Бинои иловагии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Иншоот ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва чор ошёна иборат мебошад. Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имконияти илму касбомӯзӣ масъулонро барои омодасозии мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ роҳнамоӣ карданд. Бинои иловагӣ дорои 7 толори барҳавои лексионӣ ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, муҷаҳҳаз буда, барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббӣ 7 факултет ва 12 кафедра амал мекунад. Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи ихтисосҳои ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, дандонсозӣ, тиббӣ-ташхисӣ, тиббӣ- офиятӣ, момодоягӣ ва тиббӣ-профилактикӣ омода мешаванд. Айни замон дар Коллеҷ 2 ҳазору 424 донишҷӯ таҳсил дорад, ки 2 ҳазору 110 нафари онҳо духтар ва 314 нафараш писар мебошанд. Ҳамчунин, дар муассиса 210 омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар доктори илмҳои тиббӣ ва биологӣ, 9 нафар номзадҳои илм, 3 нафар доктор PgD ва 33 нафар омӯзгорони ҷавони соҳибтахассус фаъолият менамоянд.
Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар Коллеҷ маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, фанҳои морфологӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика ва Маркази таълимӣ-клиникӣ таъсис ёфтанд. Дар таҳхонаи бино ошхона бо 60 ҷойи нишаст, китобхона бо зиёда аз 25 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза донишҷӯён аз ин ганҷинаи илму хирад пурсамар истифода менамоянд. Боиси зикр аст, ки дар китобхона 10 ҳазор нусха адабиёти зарурӣ дар шакли электронӣ маҳфуз буда, компютерҳо ба шабакаи интернет пайвастанд. Дар ошёнаи сеюм бо 160 ҷойи нишаст маҷлисгоҳ аст, ки минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар ин толори барҳаво баргузор мегарданд. Раванди таълим дар Коллеҷ тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Ҳамзамон, Коллеҷ дорои шабакаи мустиқили гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, мебошад. Дар шафати бинои иловагӣ толори барҳавои варзиш (масоҳаташ 335 метри мураббаъ) ва майдончаи муосир (масоҳаташ 800 метри мураббаъ) барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд ёфтанд.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону донишҷӯён, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ватандӯсту хештаншиносро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати омӯзгорон арзёбӣ карданд.
Кишти такрорӣ дар деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиев шинос шуданд.
Хоҷагидорони деҳот кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронда, заминро барои кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.
Дар деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обист. Истеҳсоли меваю ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полизӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.
Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лӯбиёиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол шуд.
Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва, асосан, аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин мегардад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон, Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.
Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот сеошёна буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев бунёд ёфта, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Сохтмони иншоот бо ҷалби 200 мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.
Таълимгоҳ аз синфхонаҳои фанни химия, физика, математика, биология, география, омодагии дифои ҳарбӣ, таълими меҳнат барои писарону духтарон, технологияи иттилоотӣ бо 16 компютер, озмоишгоҳҳо, китобхона, толору майдончаи варзиш, панҷ ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон иборат аст. Синфхонаҳои мактаб бо асбобу аёниятҳои зарурӣ таъмин буда, хонандагон бо истифода аз имконоти замонавӣ ба омӯзиши барномаҳои давлатии таълимӣ, хоса фанҳои дақиқ, фаро гирифта мешаванд. Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бо тарҳи муосир бунёд ёфта, бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар бинои нави таълимӣ толори барҳавои варзиш ва майдончаи бозии тобистона бо лавозимоти зарурӣ сохта шуд. Толори варзиш барои бозиҳои баскетбол, волейбол ва тенниси рӯи миз пешбинӣ гардида, хонандагон, инчунин, имкон доранд дар майдончаи саҳни мактаб ба футболи хурд машғул шаванд.
Имконоти замонавӣ дар даргоҳи нави маърифат барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат таъсири нек расонда, ба таҳкими савияи дониши хонандагон мусоидат мекунад.
Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаб ва суҳбат бо хонандагону омӯзгорон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамару мақсаднок аз чунин имконоти замонавӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.
Бино дар майдони 2280 метри мураббаъ доман густурда, масоҳати зери сохтмони он 1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, бойгонӣ, қабулгоҳ, анбори хӯрокворӣ ва нуқтаи гармидиҳӣ дорад, ки бо тарҳи зебо сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои соҳавӣ, ҷойгир буда, ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва маҷлисгоҳ дар ошёнаи дуюм мебошанд. Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини афсарон бо ҷойи хоб дар ҳавлии иншоот ду хобгоҳ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосир бунёд ёфт. Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Шуъба камераҳои назоратӣ дошта, атрофи он чароғон шудааст. Роҳравҳо бо сангҳои гуногун оро ёфта, дар қисми пеши ҳавлӣ дарахтону гулҳои ороишӣ парвариш мешаванд. Бино мувофиқи талаботи замон бунёд гардида, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад. Шуъба дорои маркази гармидиҳист, ки бо ангишт фаъолият мекунад.
Барои обутоби бадан машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал, майдони муосири варзиш бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзондани кадрҳои баландихтисос, инчунин, бунёди иншооти замонавӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам овардаанд. Бунёди бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат идомаи мантиқии дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба кормандони соҳа мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав, ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан, саҳм гузоштан дар пешгириву коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шуъбаи БДА-и раёсати БДА-и ВКД дар шаҳри Ваҳдат дар шафати шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ қомат афрохта, майдони зери сохтмони он 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод. Тибқи лоиҳа, бинои сеошёна бояд дорои таҳхона, сездаҳ ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, се хазина, суратгирхона, толори имтиҳони ронандагон, ҳуҷраи табиб, бойгонӣ, қабулгоҳ, толори хӯрокхӯрӣ, нуқтаи гармидиҳӣ бо ангишт, таваққуфгоҳ барои мошинҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасон бошад.
Муаррифии лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари ҶДММ “Хушрӯз” Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо ошноӣ пайдо карданд.
Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор як километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш гардида, дар баробари ин, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарон идома дорад. Роҳи мазкур чароғон шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеаи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки 27-уми июни соли 2017, зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ва аснои ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар ҶДММ “Хушрӯз”, Сарвари давлат ба соҳибкор барои бунёди коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дастуру ҳидоят доданд. Инак, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз ёфта, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ҷойгир мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, ободонии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои арзанда доданд.
ҶДММ “Хишти Ваҳдат” дар деҳоти Баҳор
25-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо тариқи онлайнӣ ба фаъолияти ҶДММ “Хишти Ваҳдат” оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат ( 2022-2026) аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид. Масоҳати умумии корхонаи хиштбарорӣ 3 гектарро дар бар гирифта, аз ин майдони 1,8 гектарро кон ташкил медиҳад. Корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, ашёи хом тавассути техникаи зарурӣ истихроҷ мешавад. Дар корхонаи навтаъсис 30 нафар сокини маҳаллӣ, ки чанде аз онҳо мутахассиси соҳа мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 5 миллион дона хишти пухта мебошад.
Барои басифат ва тибқи талаботи замон истеҳсол намудани масолеҳи сохтмонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, онро мутахассисони тоҷик идора менамоянд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 27, вилояти Суғд 54, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 63, ВМКБ 1 ва дар шаҳри Душанбе 4-то фаъолият менамоянд.
Зимни ифтитоҳи корхона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами корхонаи нав коргарон бояд пайваста ҷидду ҷаҳд намоянд.