ГОМА – ШАҲРИ ХАТАРНОКТАРИНИ ҶАҲОН
Вулқони Нирагонго яке аз хатарноктарин танӯраи оташфишон дар ҷаҳон аст, ки ҳангоми фаъол гардиданаш метавонад садҳо манзили зистро несту нобуд cозад. Вулқон дар Ҷумҳурии Конго ҷойгир аст. Ҷамъи гудозаи вулқон, ки наздики 8 миллион метри мукааб арзёбӣ мешавад, то ҳол аз тарафи мутахассисон ба таври кофӣ омӯхта нашудааст. Дар масофаи начандон дуртар аз вулқон шаҳри Гома воқеъ аст, ки дар он зиёда аз 1 миллион нафар зиндагӣ мекунад.
Олимон ба хулосае омаданд, ки наҷотбахшон бояд барои ба ҷои бехавф интиқол додани аҳолии нуқтаҳои маъмурӣ ва рустоҳо дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Сели гудозаи вулқони Нирагонго, ки пайваста фаввора мезанад, метавонад Гомаро маҳв бикунад.
Мутахассиси сейсмология Дарио Тедеско, ки 15 соли охир ба омӯзиши Нирагонго машғул аст, иброз менамояд: «Шубҳае нест, ки оташфишонӣ дар ояндаи наздик дигарбора рух диҳад. Гома аз ҳама хавфноктарин шаҳри олам ба ҳисоб меравад. Олим қайд кардааст, ки Нирагонго, аллакай, соли 2002 сабаби садама гашта буд». Он замон вулқон 14 000 биноро валангор намуд ва 350 000 нафар маҷбур шуд, ки манзилҳои зисташонро тарк кунанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
МАЛИКАИ ҲОЛЛИВУД
Бешубҳа, бонуи соҳиб-истеъдод – Кэтрин Ҳепбёрн (1907-2003), ба ин унвони олӣ сазовор мебошад. Чунин аст, хулосаи ағлаби мунаққидони маъруфи синамои олам.
Ӯ аз зумраи ҳунармандони гуногунпаҳлуст, ки дар жанрҳои мухталифи синамо, аз қабили мазҳака, драма, мелодрама, детектив ва триллер, бо маҳорати воло нақш офарида, дили миллионҳо мухлисро ба даст овардааст.
Тайи шасту шаш соли фаъолияти эҷодияш, дар баробари дигар мукофотҳои гаронсанг, сазовори чор Ҷоизаи Академияи санъат ва илми синамои ИМА – «Оскар» (барои беҳтарин иҷрои нақши занона) мегардад, ки то ҳол, ҳам миёни занҳо ва ҳам мардҳо, собиқа надорад.
Ба хотири истеъдоду маҳорати волояш, коршиносони соҳа ӯро ба рӯйхатҳои оламшумули «300 бонуе, ки оламро тағйир доданд»-и Энсиклопедияи Британия, «100 бонуфузтарин бонуи асри ХХ»-и маҷаллаи Ladies Home (ИМА), «100 шахси достонзеби аср»-и маҷаллаи Variety (ИМА) ворид кардаанд.
Соли 1999 бошад, Пажӯҳишгоҳи синамои ИМА Кэтрин Ҳепбёрнро миёни бонувон ҳунарманди барҷастатарин дар таърихи Ҳолливуд эълом дошт.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ЗАН ВА ТОҶИР
Зану марди камбизоате барои пешбурди зиндагии фақиронаашон дар хона равғани маска омода мекарданд ва ҳамин ки як кило мешуд, онро ба тоҷире мефурӯхтанд.
Рӯзе тоҷир ба як кило будани равғани маска шубҳа карда, онро баркашида дид, ки 900 грамм вазн дорад. Дафъаи дигар, вақте ки зан ба назди дӯкон меояд, тоҷир ғазаболуд ба ӯ мегӯяд:
– Минбаъд бо ту тиҷорат намекунам, маро фиреб додӣ. Равғани дирӯз аз ту гирифтаам на 1 кило, балки 900 грамм буд.
Зан хиҷолатмандона мегӯяд:
– Ҷаноб, маро санг назанед. Ман аз дукони шумо як кило шакар харида будам ва равғанро бо он баробарвазн карда, ба шумо меовардам. Охир ман аз куҷо медонистам, ки шакари шумо 900 грамм вазн дорад.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
19 ДАР КВАДРАТ
Хонуме аз дидори рӯ ба рӯ бо Эйнштейни маъруф хурсанд шуда, ба ноз мегӯяд:
– Баъди хатми донишгоҳ зиёд кӯшидам шуморо пайдо кунам, вале рақами телефонатон ҳеҷ дар хотирам намеистад.
– Чӣ хел намеистад? Гуфта будам-ку ду 12 ва 19 дар квадрат, – бепарвоёна мегӯяд олим.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
БЕМОДАРӢ
ҚИССАИ КӮТОҲТАРИН ДИДОР
Модаре тули 11 сол аз Худованди мутаол зорӣ менамуд, ки барояш фарзанд ато кунад. Дуояш мустаҷоб гардид, вале вақти таваллуд чунон бемор буд, ки кӯдак ба осонӣ ба дунё намеомад. Бо вуҷуди он ки духтур давоми 7 соат тамоми талош кард, аммо натавонист, ки ҳам кӯдаку ҳам модарро наҷот диҳад. Хулосаи табибон ниҳоят ин шуд, ки аз ду якеро бояд наҷот медоданд.
Дар охир духтур бо хоҳиши модар фарзандашро наҷот дод…
Сипас, модари дар набзи ҷон ба кӯдак наздик мешавад… Ӯро ба домони худ мегирад, мебӯсад, ду дақиқа бағалаш мекунад, лабханд мезанад ва чашмонашро мепӯшаду зиндагиро тарк месозад.
Садои кӯдак бо гиря баланд мешавад. Балки ин садои эҳсоси дардноке буд. Эҳсоси бохтан барои ҳамеша ба касоне буд, ки ба ӯ зиндагӣ бахшидаанд ва дигар ҳаргиз якдигарро нахоҳанд дид. Эҳсосе, ки аз кӯтоҳтарин дидор ва тулонитарин азоби зиндагии бидуни модар иборат аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
КОДЕКСИ ТИЛЛОИИ ЭХТЕРНАХА
Он китоби дастнавис буда, бо ин ном машҳур аст. Навишти ин дастхат ба солҳои 1030-1050 рост меояд. Ин китоб бузургтарин ёдгории хаттии давраи Эҳёи Оттонӣ мебошад. Аз соли 1955 он дар осорхонаи миллии Олмон дар шаҳри Нюрнберг нигоҳ дошта мешавад. Китоб аз 136 саҳифа, аз ҷумла 60 саҳифаи ороишӣ, 16 расми пурра ва навиштаҷот, иборат аст. Ҳамаи расмҳо ба ду рассом нисбат дода мешаванд, ки яке устод ва дигаре шогирд буд. Аксари саҳнаҳои тасвиршуда аз ҳаёти паёмбар Исои Масеҳ ва муъҷизаҳои ӯ мебошанд. Хатти китоб пурра бо сиёҳии тилло навишта шудааст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
МАРЯМ
ТОҶИКДУХТАР – БАРАНДАИ ГРАН-ПРИ
Модели тоҷик Марям Шарапова дар озмуни зебоии ҷашнвораи “Beauty
International 2023”, ки дар киштии сайёҳии “Astoria Grande” доир гашт, беҳтарин шуд.
Киштӣ дар масири Сочи – Истанбул – Амасра – Орду – Трабзон – Сочи ҳаракат карда, маросими ниҳоии ҷашнвора дар Истанбул баргузор гардид.
Марям барандаи ҷоизаи Гран-прии озмуни зебоии "Super Model International-2023", шаҳодатномаи пулӣ шуд ва ба Озмуни байналмилалии "Miss Universe" роҳхат гирифт.
– Сайёҳони зиёд маро иҳота карда, бо ман акс гирифтанд ва хоҳиш намуданд, ки куртаи чаканамро фурӯшам», – гуфт Марям.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ
ТАНГАҲОИ МУРАББАЪШАКЛ
Ин гуна тангаҳо хеле нодиранд. Онҳоро соли 1726 малика Екатеринаи 1 дар Россия ба муомилот баровард. Вазъи молии кишвар он замон ҳолати беҳтаршуданро тақозо мекард, бинобар ин, ҷиҳати сикказании мисӣ минтақаи Урал истифода гардид.
Тангаҳои мураббаъшакл, ҳамчунин, пардохти мисин унвон мешуданд. Имрӯз арзиши ин тангаҳо вобаста ба ҳолаташон то ба ду миллион рубл мерасанд. Соли 1727 бо амри Екатеринаи 1 ин тангаҳои муваққатӣ аз муомилот гирифта шуданд ва имрӯз онҳо танҳо дар коллексияҳои олиҷаноби нумизмат мавҷуданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
5 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ОДАМОН
1. Ҳангоми атса задан тамоми функсияҳои бадани одам, ҳатто дил ҳам лаҳзае аз тапидан мемонад.
2. Одамони ростдаст назар ба чапдаст ба ҳисоби миёна нуҳ сол зиёдтар умр мебинанд.
3. Барои хоб рафтани одами миёнасол 7 дақиқа вақт лозим аст.
4. Вазни умумии бактерияҳое, ки дар бадани инсон зиндагӣ мекунанд, ду кг аст.
5. Сахттарин мушак дар бадани инсон забон мебошад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
БАДӢ ВА НЕКӢ
Бадӣ сарсону саргардон ва бехонаву дар мегашт. Дар ҷустуҷӯи хона рӯзе чашмро диду онро макони худ ихтиёр кард. Рӯшании чашм аз ҳузури ӯ рӯз то рӯз камтар мешуд. Бадӣ бошад, ҳаваси хонаи калонтарро мекард, аз ин сабаб, вай ба назди забон омад. Акнун забон олудаи ғайбату туҳмату ҳақорат шуд. Дере нагузашта бадӣ ба дил ҳам роҳ ёфт. Аз он рӯзе, ки бадӣ дар он ҷо гирифт, дил заифу нотавон ва бемор шуд. Дил хост бадиро аз худ ронад, аммо зӯраш нарасид. Ӯ некиро ба ёрӣ даъват кард. Ҳамин ки некӣ вориди хонаи дил шуд, бадӣ ба азоб ва норозиёна аз дил баромада рафт. Бадӣ ҳанӯз бехонаву дар ва сарсону саргардон дар ҷустуҷӯи манзилҳои дигарест. Вой бар ҳоли он чашм, забон ва диле, ки бадӣ ба он роҳ ёбад…
Таҳияи Гулсара АВАЗОВА
ОЁ МЕДОНЕД?
(ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ОИД БА ФОИДАИ МЕВАҲО)
• Манго барои пешгирии намуд-ҳои гуногуни саратон хизмат мекунад...
• Себ ба организм дар мубориза бо сироятҳо ёрӣ мерасонад.
• Ангур барои рагҳои хунгузари дил фоиданок мебошад.
• Тарбуз барои дил ва гурда муфид аст.
• Афлесун сохтори пӯстро маҳин мекунад.
• Шафтолу дар рафъи стресс ёрӣ мерасонад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
“ИЛМ БЕҲТАР Ё САРВАТ?”
Муаллим аз талаба хост, то иншои дар мавзуи “Илм беҳтар ё сарват?” навиштаашро бихонад.
Писарак бо садои ларзон мегӯяд, ки нанавиштаам.
Муаллим ӯро сарзаниш карда, дар кунҷи синфхона бо як пой рост монд.
Талаба аз чунин сурат гирифтани кор гирён шуд ва зери лаб гуфт:
– Албатта, сарват беҳтар аст. Агар пул медоштам, дафтар мехаридам ва иншоямро менавиштам.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ДУ ПАНД
Аз ашк маҷӯед нишон бар мижаи ман,
К-ин ришта зи сустӣ накашидаст гуҳарро.
* * *
Мард бояд, ки баду нек зи ҳам бишносад
В-арна дар зери фалак нокасу кас бисёр аст.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
МИЛЛИАРДДОРҲОИ ҶАҲОН
Дар ҷаҳон 2188 миллиарддор ба сар мебарад. Теъдоди аз ҳама зиёди онҳо дар Чин мебошад, ки 568 нафарро ташкил медиҳад. Амрико бо 535 ва Ҳиндустон 111 нафар миллиарддор мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Таҳлилгарон ба феҳристи мазкур, ҳамчунин, Олмон (82), Россия (80), Швейтсария (66), Фаронса (51), Бразилия (49), Ҷопон (42), Италия (37), Канада (35), Туркия (34) ва Сингапурро бо 32 миллиарддор ворид кардаанд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
КРИШТИАНУ ХАЙРХОҲОНАШРО МЕҶӮЯД
Дар як мусоҳиба футболбози маъруфи сайёра Криштиану Роналду мегӯяд, ки дар вақти хурдсол буданам, мо зиндагии фақирона доштем, ҳатто маблағ барои харидани ғизои серӣ пайдо карда наметавонистем. Модарам рӯзу шаб ба ҳайси фаррош кор мекард, то чизе бароямон бихарад.
Аммо, бо вуҷуди ин, мо хӯроки серӣ намехӯрдем. Дар назди хонаи мо як дукони хӯрокпазӣ буд, ман ҳар шаб ба он ҷо мерафтам ва аз пешхизматон хоҳиш мекардам, ки пасмондаи мизоҷонро ба ман диҳанд. Дар он ҷой ду духтарак кор мекард, онҳо вақте маро медиданд, зуд хӯроки гарм медоданд ва ҳамеша маро дастгирӣ менамуданд...
Вақте бо кумаки онҳо таом мехӯрдам, ваъда медодам, ки калон шавам, ҳатман ин хизматҳои шуморо пасмегардонам...
Имрӯзҳо, ки шароити зиндагиям беҳтар аст, мехоҳам духтарҳоро ёфта, хизматҳое дар ҳаққам кардаанд, пас гардонам, мутаассифона, доимо ҷустуҷӯ мекунам, аммо ёфта наметавонам...
Таҳияи З. РАҶАБ
БУЗУРГТАРИН МУҶАССАМАИ ЗЕРИОБӢ
Ҷейсон де Кайрес Тейлор, рассоми бритониёӣ, соли 2014 бузургтарин муҷассамаи зериобиро бо номи "Ocean Atlas" дар соҳили ҷазираи Нассауи Багами дар қаъри баҳр насб кард, ки ҳар бинандаро ба ҳайрат меоварад. Муҷассама аз маводи экологӣ тоза сохта шуда, вазнаш 60 тонна ва баландиаш 5,5 метрро ташкил медиҳад. Тейлор, ҳамчунин, аввалин парки муҷассамаи зериобӣ дар Гренада ва осорхонаи санъати зериобии MUSA-ро, ки тақрибан 500 экспонатро дар бар мегирад, бунёд кардааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
100 с/га
ҲОСИЛНОКИИ ҒАЛЛА ДАР ИРЛАНДИЯ
Тибқи иттилои «Кun.Uz», дар рейтинги ҷаҳонӣ аз рӯи ҳосилнокии ғалла Ирландия бо нишондоди 100,8 с/га ҷой якум, Зеландияи Нав 97,1 с/га ва Британияи Кабир 78,1 с/га ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Дар феҳристи кишварҳои даҳгонаи беҳтарин, инчунин, Олмон (73 с/га), Фаронса (69,3 с/га), Ӯзбекистон (68,4 с/га), Миср (64,5 с/га), Чин (58,1 с/га), Украина (45,3 с/га), Африқои Ҷанубӣ (43,1 с/га) ҷой гирифтанд.
Таҳияи Умар АЛӢ
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
САРАНГӢ
Сарангӣ сози мусиқии тордори ҳиндист, ки бо камонча навохта мешавад. Дастааш кӯтоҳ буда, онро аз чӯб месозанд. Ба рӯи косаи дарозрӯяаш пӯст мекашанд. Сарангӣ 3-4 тори асосӣ (яктоаш филизӣ, дутоаш зеҳ; дар квинта ва кварта ҷӯр мешавад) ва 14-15 тори иловагии мансуб ба қаторовози диатоникӣ (барои акси садо) дорад, ки онро ба воситаи гӯшакҳои паҳлуӣ ҷӯр мекунанд. Садояш паст, вале маҳину форам аст. Сарангӣ, асосан, дар шимоли Ҳиндустон маъмул буда, ба сифати сози якканавозӣ ва ансамблӣ истифода мешавад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
АСРОРИ ПЕШТОЗИИ ҚУДРАТҲО
Дар ИМА, бо дарназардошти филиалҳояшон, бештар аз 16 000 китобхона фаъолият мекунад. Бовар нокарданист, аммо теъдоди онҳо аз шумораи умумии тарабхонаҳои «McDonald's» дар тамоми ҷаҳон бештар аст. Мардум то ҳадде муштоқи китобхониянд, ки барои сабукии кори онҳо мақомот дар кӯчаву паскӯчаҳо аломати махсуси китобхона таҳияву насб кардаанд. Дар чунин аломатҳо сурати одамест, ки дар даст китоби кушода дорад.
Дар омади гап, шумораи тарабхонаҳои «McDonald's» бештар аз 14 000 буда, он ҳанӯз соли 1940 бо роҳбарии Ричард ва Морис Макдоналд дар Сан-Бернардино, Калифорния ва ИМА мавриди истифода қарор гирифта буд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
2 + 1 = 3
Иоҳанн Дирихле, математики машҳур ҳисобро он чунон дӯст медошт, ки бе он мавҷудияти худро тасаввур карда наметавонист. Ҳатто баъди издивоҷаш китоби «Тадқиқоти арифметикӣ»-ро то дили шаб хонда, дар таги сар мемонд. Аз қазо чун нахустфарзандаш таваллуд мешавад, аз шодӣ ба падарарӯсаш ба ин маънӣ телеграмма ирсол мекунад:
2 + 1 = 3.
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ВАҚТЕ ПАДАРАМ НОСАЗО ГУФТ...
Дӯсте қисса мекунад: «Як муддат падарам бисёр бадхулқу баддаҳан шуда буд. Рӯзе ӯ дар хонаи ман меҳмон шуд. Хонаводаи ҳамсарам низ ҳузур доштанд. Ҳамсарам барои падарам махсус чой дам кард, аммо ӯ ба эрод гирифтан шуруъ намуд. Баъди ба забон овардани якчанд сухани зишту носазо қаҳр кард ва хост, ки биравад. Дасташро бӯсидам, узр пурсидам, ҳарчанд кӯшиш кардам, ки аз хонаам наравад, аммо силии сахте ба рӯям заду баромада рафт. Модарарӯсам аз ин иттифоқ нороҳат шуда, ба ман гуфт, ки сабр ҳам ҳадде дорад. Бо ин падари бадахлоқ чӣ гуна созиш мекунӣ? Аммо ман иҷоза надодам, то ҳарфҳояшро идома бидиҳад ва гуфтам, ки ашки чашм шӯр аст ва намак ҳам шӯр. Аммо ашк чун аз худи чашм аст, онро намесӯзонад, балки тароваташ мебахшад. Силӣ ва суханони носазои падарам, ки пораи ҷонаш ҳастам, ҳаргиз маро насӯзонд, аммо ин сахтгӯии шумо монанди шӯрии намак буд, ки аз берун ба чашмонам рехт».
Таҳияи Нигина РАҲМОН