28-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андуҳи амиқи инҷониб гардид.
Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.
Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву ҳамдардии самимии инҷониб, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагонро изҳор менамоям».