БОКС
Баҳодур Усмонов – барандаи унвони “WBO World Youth”
27-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ”-и шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба бокси касбӣ таҳти унвони “Шоми бокс” баргузор шуд.
Дар мусобиқа варзишгарони Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Замбия, Нидерланд, Тайпейи Чин, Таиланд, Ӯзбекистон ва Арманистон ширкат карданд.
Дар ин шом даҳ рақобат доир гардид, ки дар панҷтоаш варзишгарони тоҷик ба майдон баромада, 4 нафар дастболо шуд: Шаббос Негматуллоев, Давлат Болтаев, Акмал Убайдов ва Баҳодур Усмонов. Дар рақобати асосии “Шоми бокс” муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар қувваозмоӣ барои унвони “WBO World Youth” бар муштзани таиландӣ Манат Сопатип дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ зафар ёфт. Ин ҳафтум пирӯзии бебохти Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ мебошад.
Ҳамчунин, бо сарпарастии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс 28-уми октябр чорабинии “Дави бокс” доир гашт. Дар он беш аз 3000 нафар иштирок карда, вобаста ба синну сол дар масофаҳои аз 1, 5 то 10 километр қувваозмоӣ карданд. Беҳтаринҳо бо ҷоизапулӣ – аз 7 000 то 50 000 сомонӣ – қадр шуданд.
ГӮШТӢ
Дурахши паҳлавонони тоҷик дар Риёз
Паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии размӣ, дар намуди қазоқкуреш 3 медал: 1 нуқра, 2 биринҷӣ гирифтанд.
Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 20-уми октябр шуруъ гардида, то 30-юми октябр идома ёфт. Ба барномаи бозиҳо 16 намуди варзиш ворид гашт.
Дар риштаи қазоқкуреш варзишгарони мо Ҳамроз Раҷабов медали нуқра, Валимуҳаммад Боқӣ ва Хайрандеш Муродзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамроз дар вазни 85 кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Озарбойҷон Эмил Ҳасанов ва дар нимфинал бар паҳлавони Ӯзбекистон Умид Эсанов ғолиб омад, вале дар финал аз Меди Амангердии қазоқ шикаст хӯрд.
Валимуҳаммад дар чорякфинал намояндаи Муғулистон Энхболд Энхтаиванро мағлуб карда, дар нимфинал аз паҳлавони Қазоқистон Нур Аманшукиров шикаст хӯрд. Ӯ дар қуввасанҷӣ барои медали биринҷӣ бар варзишгари Озарбойҷон Ниҷат Мамадлиро пирӯз омад.
Хайрандеш дар чорякфинал аз Торнике Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуда, дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ паҳлавони Полша Адриан Биелро шикаст дод.
ФУТБОЛ
«Истиқлол» аз «Персеполис» шикаст хӯрд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» аз дастаи «Персеполис»-и Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Вохӯрии дастаҳо 24-уми октябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Ҳар ду голро бозигари тими футболи Теҳрон Саид Содиқӣ зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) бар дастаи “Ад-Дуҳайл” (Қатар) бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.
Ҳамин тавр, баъд аз натиҷагирии даври сеюми мусобиқа, дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср” бо 9 хол дар мақоми аввал, “Персеполис” бо 6 хол дар зинаи дуюм қарор доранд. “Ад-Дуҳайл” ва “Истиқлол” якхолӣ ба даст овардаанд.
Бозии навбатии дастаи «Истиқлол» дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 7-уми ноябр бо “Персеполис”-и Эрон баргузор мешавад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз мегардад.
Мағлубияти “Равшан” аз “Абдиш-Ота”
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии сеюмаш дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи «Е» аз бошгоҳи «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Бозии дастаҳо 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардида, ягона голро легионери африқоии “Абдиш-Ота” аз Гана Эммануэл Яғр зад.
Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” «Алтин-Асир» бар «Марв» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
“Равшан” дар даври чорум 9-уми ноябр дар сафар боз бо тими “Абдиш-Ота” бозӣ мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”