Ба автобуси хатсайри № 8 даромадам. Аз корти нақлиётӣ истифода карда, дар яке аз ҷойҳои холӣ нишастам. Баъди як истгоҳ ба автобус ҷавоне даромада, худро назоратчии нақлиёти мусофирбар муаррифӣ кард ва аз шаҳрвандон хоҳиш намуд, ки кортҳояшонро барои санҷиш омода созанд. Пас аз тафтиш, тараддуди аз автобус фаромаданро дошт, ки ҳамин вақт ду марди бузургҷуссае дохили нақлиёт шуданд. Онҳо чун хостанд, ки ба ронанда пул дароз кунанд, назоратчӣ, мувофиқи қоида, аз онҳо корти нақлиётиро талаб кард. Ин амали назоратчӣ ду мардро ба хашм оварду назоратчиро бо суханони паст таҳқир мекарданд. Назоратчӣ, қатъи назар аз суханҳои қабеҳ, оромона ба маълумоти онҳо мерасонд, ки бе корт аз хизматрасониҳои нақлиётҳои мусофирбар истифода кардан мумкин нест. Ӯ, ҳатто, пешкаш намуд, ки аз корти муваққатӣ истифода баранд, аммо мардҳо аз ин маслиҳат сарпечӣ карданд. Баъдан, яке аз онҳо баногоҳ муште бар қафаси синаи назоратчӣ зад ва ӯ аз дари кушодаиавтобус ба замин афтид. Мутаассифона, ин ҳама муддат мусофирон тарафи он ду марди бахашмомадаро мегирифтанду аз назоратчӣ талаб мекарданд, ки бисёр гап назанаду баромада равад. Назоратчӣ аз замин бархоста, либосҳояшро таъкид ва дуртар рафт, рангу рӯяш сурх шуда буд. Базӯр нафас мекашид. Аз аҳволаш маълум буд, ки зарбаи авбошҳо сахт таъсираш кардааст.
Ман, ки ҳамарӯза аз хизмати автобус истифода мебарам, бори аввал нест, ки шоҳиди ин гуна ҳолатҳо мешавам. Бисёре аз шаҳрвандон бо баҳонаи он ки, аз дигар шаҳру ноҳия омадаанд ва аз доштани чунин кортҳо бохабар нестанд, хоҳиши бе корт даромадан ба автобусро мекунанд. Ҳайрон аз онам, ки мардуми дар автобус нишаста, аз вазифа ва уҳдадориҳои назоратчиён бохабаранду лекин агар рафту ягон хархаша аз ҷониби шаҳрвандони густох ва беадаб сар шавад, дарҳол авбошонро пуштибонӣ карда, “рост мегӯяд, ҳамин кори ту маънӣ надорад, аз ҳамин санҷиши ту чӣ фоида?” – гуфта, ба назоратчиён дод мезананд.
Мақсуд аз овардани ин ҳодиса дар чист? Гап сари он аст, ки, мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон одобу фарҳанги шаҳрнишиниро намедонанд. Маҳз ба ин далел, гоҳ-гоҳе чунин ҳодисаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба вуқуъ меоянд. Пас, мо – аҳли ҷомеаро зарур аст, ки талош намоем, то чунин амалҳои номатлуб сар назананд. Яъне, фарзандони хешро дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмат доштан нисбат ба калонсолон ва эҳтиром гузоштан ба заҳмати дигарон тарбия намоем. Ва дар ин ҷода, бояд, пеш аз ҳама, падару модарон, мураббиёни боғча ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳм гузоранд, зеро тарбия аз даврони кӯдакӣ оғоз меёбад ва, бешубҳа, самараи нек меоварад.
Латифабону РУСТАМЗОДА, шаҳрванд