Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, дорои беҳтарин арзишҳои умумибашарӣ ва тарбиявӣ мебошад. Ба Ҷашни Меҳргон истиқлоли давлатӣ умри дубора бахшид. Он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардида, ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд меҳнат кашида, баҳри пешрафти иқтисоди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Чанде қабл дар шаҳри Хоруғ низ Ҷашни Меҳргон бо риояи расму суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид, ки маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ, гӯшту шир, орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва донагию маҳсулоти консервкунондашуда бо нархи арзон ба фурӯш гузошта шуд.
Чорабиниро муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва кишоварзонро табрику таҳният гуфта, аз мавқеи Ҷашни Меҳргон дар фарҳанги миллии тоҷикон ёдрас шуд. Зикр гардид, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърихи ин халқ маншаъ мегирад. Дар ҳамаи давру замонҳо ба ин Ҷашн, чун ҷашни фароҳамории тамоми неъматҳои барои инсоният зарур арҷ мегузоштанд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои рушду инкишофи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”. Бо барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги вилоят чорабинӣ ба анҷом расид.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”