Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва ҷараёни иҷрои супоришҳои Ҷаноби Олӣ дар ноҳияи Мурғоб, ки ҳангоми сафари кориашон ба вилоят баён гардиданд, ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар сафар кард. Дар доираи ин сафар дар ноҳия се иншооти муҳими иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Нахуст, дар маркази ноҳия – шаҳраки Мурғоб боғи фарҳангӣ-фароғатии "Истиқлол" ба истифода дода шуд. Боғи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли Давлатӣ бунёд гардида, ба истироҳату фароғати сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ ва гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ нигаронда шудааст. Дар боғ майдончаи бозии кӯдакона, курсиҳои нишаст, саҳна барои намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҷой дода шудаанд. Барои бунёди боғи мазкур 546, 6 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
Раиси вилояти ВМКБ зимни иштирок дар маросими кушодашавии боғ аз намоиши дастовардҳои аҳли илму маорифи ноҳия, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳунарҳои дастии бонувони ҳунарманд, ки дар гузаргоҳи марказии боғ ҷой дода шуда буд, боздид ба амал оварда, ба ҳунари дастандаркорони он баҳои баланд дод.
Сипас, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сокинон ва фаъолони маркази ноҳия мулоқот доир намуданд. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти ин минтақаи дурдасти кишвар, симои ноҳия куллан дигар шуда, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ноҳияи баландкӯҳи мамлакат ба таври шинохтанашаванда рушд хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи дурдасти кишвар, дар баробари бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 139 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 267 миллион сомонӣ, ҳоло низ раванди ободониву созандагӣ идома дорад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша-чорабиниҳо, дар ноҳия сохтмони боз 107 иншооти таъиноти гуногун идома дорад.
Дар баробари ин, ҳамчунин, бинои нави Ҷамоати деҳоти Аличур, ки дар заминаи амалишавии Барномаи давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи замон сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз 8 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо муосиртарин шароити корӣ барои кормандон бунёд гардидааст. Ҳар як ҳуҷраи корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муҳим таъмин мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар мавзеи Оқбалиқи деҳоти Аличур меҳмонхонаи муосири “Истиқлол”-ро расман мавриди истифода қарор дод. Тавре масъулони ҶДММ “Мурғоб” – пудратчии иншоот иттилоъ доданд, меҳмонхонаи “Истиқлол” дар муддати ду сол бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Алъон дар ин ҷо 7 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин аст.
Зимни боздид аз меҳмонхонаи нав раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид намуд, ки ВМКБ аз мавзеъҳои ҷолиб барои сайёҳони дохилу хориҷ дониста шуда, бо эълон гардидани солҳои 2019- 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои рушди соҳа дар ноҳия сол ба сол васеътар мешаванд. Дар чанд соли охир агар дар вилоят ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзанда барои рушди ин соҳа беш аз 30 ширкати сайёҳӣ ва марказҳои пазироӣ таъсис дода шуда бошанд, қисми зиёди онҳо ба ноҳияи Мурғоб рост меояд. Бунёди иншооти нави хизматрасонӣ дар ҷалби сайёҳон ва пешниҳоди хизматрасонии муосир ба ҷаҳонгардон нақши созгор дорад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони маҳалла ва чорводорони фермаҳои гирду атроф таъкид намуд, ки ноҳияи Мурғоб айни ҳол ба рӯйхати минтақаҳои рӯ ба рушди устувори мамлакат дохил гардида, танҳо соли равон дар доираи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳия беш аз 10 иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёд ва ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо маблағи харҷномавии беш аз 1 миллиону 379 ҳазор доллари ИМА аз ҷумлаи чунин объектҳое мебошад, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии сокинони деҳот ва рушди дигар бахшҳои иқтисодии ноҳия такони хубе бахшид. Ин лоиҳа дар кишвар беҳамтост. Бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шароити ноҳия як таҳаввулоти ҷиддие дар пешрафти ин минтақаи баландкӯҳ мебошад.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз рафти омодагиҳо ба зимистони дарпешистода, вазъи кунунии чорводорӣ дар ноҳия мароқ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳо супоришҳо дод. Дар бобати таъмини хонандагони мактабҳои ноҳия бо либоси мактабӣ аз ҳисоби корхонаҳои маҳаллӣ, таъмини иҷрои нақшаи андоз, чун ҳамасола дар рӯзи аввали маърака иҷро намудани нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори қаноатмандӣ кард. Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонро дар ин сафари корӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ҳамроҳӣ намуд. Раиси ноҳия барои дастгириҳои пайваста ва мусоидат ба пешрафти ин минтақаи дурдасти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи сайёҳӣ миннатдорӣ баён намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”