"Солимии ҷомеа бойигарии давлат аст", – ҳамеша таъкид мекунанд Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат боис гардидааст, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар яке аз сераҳолитарин вилоятҳои Тоҷикистон-Хатлон дар радифи дигар вилоятҳои кишвар тадбирҳои муассир андешида шуда, бомуваффақият амалӣ мегарданд.
Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба солимии ҷомеа дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, ба як қатор комёбиҳо ноил шуд. Аз ҷумла, барои пешгирӣ аз ворид ва паҳншавии бемории коронавирус аз ҷониби мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят миёни мардум 25 ҳазору 678 маротиба суҳбат гузаронда шуд. Ҳамзамон, барои пешгирӣ аз коронавирус 32 ҳазору 301 варақаи иттилоотӣ дар деҳот, муассисаву ташкилот ва мактабҳо паҳн гардид. Бо истифода аз минбарҳои сершунаванда, яъне радиоҳои маҳаллӣ мутасаддиён дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 80 маротиба баромад карданд. Дар мавзуи пешгирии бемории коронавирус бо як ҳазору 780 нафар корманди тиб дар сохторҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 89 дарси омӯзишӣ гузаронда шуд.
Барои садди роҳи паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки 7 ҳазору 770 сокин 111 лексия ва бо ҷалби 65 ҳазору 88 нафар 21 ҳазору 696 суҳбати мавзуӣ сурат гирифт ва дар ҳамин замина 8 ҳазору 882 варақаи иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас шуд. 22 баромади радиоӣ ва телевизионӣ ташкил ва панҷ мақола интишор гардид. Бо ширкати 780 корманди тибби сохторҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 дарси омӯзишӣ сурат гирифт.
Бемории ботулизм дар деҳот мушоҳида мешавад, зеро мардум ҳангоми омода намудани консервҳои меваю сабзавот, махсусан ғизо аз боимҷон, ба талаботи омодасозии консервҳо диққат намедиҳанд, дар натиҷа аз ин маҳсулот заҳролуд мешаванд. Бинобар ин, дар доираи тадбирҳои пешгирӣ аз ботулизм 11 ҳазору 376 суҳбат гузаронда шуда, дар 113 ҳамоиш 7 ҳазору 910 сокин иштирок карда, донишҳои заминавии хешро пурра сохтанд ва ба суолҳояшон аз мутахассисон посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар ҳамин росто дар миёни 380 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо дар мавзуи пешгирии ботулизм 19 дарси омӯзишӣ баргузор шуд. Тавассути радиоҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 21 баромад, ба воситаи телевизион панҷ барномаи ихтисосӣ манзури мардум шуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо мақолаю муроҷиатҳои саривақтӣ ба табъ расиданд.
Ба ғайр аз ин, мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва кормандони дахлдори соҳаи тиб дар тули нуҳ моҳи соли 2023 дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятии сил, гепатит, камхунӣ, ҷоғар, фишорбаландӣ, диабети қанд, ҳорӣ, сӯхтанӣ, брутселлёз, кирми рӯда, фарбеҳӣ, асабоният, зарари телефонҳои мобилӣ, никоҳи хешутаборӣ ва ҳоказо чорабиниҳои зиёди оммавӣ-маърифатиро роҳандозӣ карданд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои бадастомада нисбат ба ҳамин давраи солҳои гузашта ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз рӯйи миқдор зиёд буда, онҳо аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати тандурустии вилоят ва, инчунин, аз боло рафтани сатҳи касбияти мутасаддиёне, ки бо мардум робита доранд, шаҳодат медиҳанд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мутмаин ҳастем, ки дар партави сиёсати инсонмеҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – кормандони соҳаи тандурустӣ минбаъд низ солимии миллатро беҳтар аз пештар таъмин карда метавонем.
Ғулом ШЕРОВ, сардори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон