Аз боби дастгирӣ аз Мактаб-интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Муъминобод
Назар Ҷумъазода солҳо боз дар деҳаи Олимтой омӯзгорӣ дорад. Ин шахсияти наҷиб ҳамасола ба муассисаи мо ёриашро дареғ намедорад. Ӯ барои тарбиягирандагони мо ба қадри зарурӣ мизу курсӣ, 4 адад кати хоб, асбобу анҷомҳои ошхона оварда дод. Инчунин, аз масофаи 1000 метр ба муассисаи таълимии мо оби нӯшоӣ кашонда оварданд. Ошхона ва ҳам хобгоҳ барои 119 хонанда, ҳамзамон, мактаби № 30 низ бо се нуқтаи оби ошомиданӣ таъмин гардид.
Гурез Гулов бошад, бо фарзандонаш Баҳрому Баҳодур Мактаб – интернатро бо зарфҳои гуногун, коса ва мизу курсӣ таъмин кард. Ба ҷуз ин, онҳо ду маротиба ба шогирдони мо дастархони идона оростанд.
Мо аз ёрию мадади Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» - и шаҳри Душанбе (директораш Алишер Саидзода) ҳам миннатдорем. Онҳо мудом маводи озуқаворӣ, лавозимоти хобгоҳ, масолеҳи сохтмонӣ ва кумаки молиявӣ мефиристанд.
Мехоҳам ба кулли онҳо арзу сипоси хеш ва ҳайати 56 – нафараи кормандон ва 119 тарбиягирандаро расонам.
Иноятулло РАҲМОНОВ, директори Мактаб-интернати
ятимону бепарасторони ноҳияи Муъминобод