Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ
Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия тариқи маҷозӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба мо аз Вазорат хабар доданд.
Дар машваратҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, илму маориф дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
КОНФРОНСИ ОСИЁӢ ОИД БА КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
Дар чаҳорчӯбаи иҷрои тавсияҳои Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 30 давлати Осиё конфронс баргузор гашт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ додааст, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинии муҳим афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур мебошад.
160 ГЕКТАР ЗАМИНИ НАВ АЗ ХУД ВА 73 ГЕКТАРИ ДИГАР БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ВОРИД ШУД
Дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 160 гектар замини нав аз худ шуда, 73 гектари дигар аз ҳисоби заминҳои холимонда ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд.
Тавре Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ иттилоъ додааст, дар доираи Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 9 миллион сомонӣ (90 дарсади нақшаи солона) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонда шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 7204 гектар замин беҳ гардид.
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"