Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дарвоқеъ, омӯзиши таърих яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, шоҳасари гаронбаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”, инъикосгари таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби тоҷик буда, дорои аҳамияти баланди илмию таърихист. Бешубҳа, ин китоб на танҳо барои тоҷикон, балки тамоми порсизабонон, ҳамчун махзани боэътимоди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар иртибот ба ин, Пешвои муаззами миллат дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон» чунин нигоштаанд: “Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.
Доир ба нақши Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари ӯ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарифов чунин гуфт: «Китоби «Тоҷикон» дар як давраи бисёр ҳассос, дар замоне рӯи чоп омад, ки идеологияи бузург, яъне идеологияи коммунистӣ, ҳукмрон буд ва сарфи назар аз ин, дар бораи ҳувияту асолати миллӣ ва қадимӣ будани халқи тоҷик дарак дод. Бобоҷон Ғафуров шахсест, ки аввалин маротиба истилоҳи тоҷик ва таърихи халқи тоҷикро ба гардиши илмӣ ворид намуд, ки, баъдан, ин истилоҳ дар таърихи ҷаҳонӣ истифода гардид. Нақши асари безаволи Бобоҷон Ғафуров дар он зоҳир мегардад, ки марҳалаҳои бисёр риққатовар ва ноомӯхтаи таърихи тоҷикро аз давраи антиқа ва асрҳои миёна ба китоб дароварда, омӯзиш ва таҳқиқи онро эҳё намуд.
Бобоҷон Ғафуров дар китоби мондагори худ доир ба равандҳои этникии баҳамомадани қавму қабилаҳо, ки, дар навбати худ, ба пайдо шудани дигар тоифа асос мегарданд, маълумот овардааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Бобоҷон Ғафуров ба миён гузошт, мавзуи ҳиндуориёиҳо ва ориёиҳо мебошад. Пас аз таҳлилҳои ҳамаҷониба, ӯ ба хулоса меояд, ки Осиёи Миёна маркази ташаккулу густариши қавму қабилаҳои ориёӣ буда, давомдиҳандаи онҳо тоҷиконанд. Барои исботи он ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва дорандаи қаламрави васеи Шарқ буданд, Бобоҷон Ғафуров аз китоби қадимаи Авесто, бойгониҳои хаттӣ, асарҳои муаррихону ҷуғрофияшиносон, донишмандони илмҳои гуногун, васиқаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо истифода бурдааст».
Дар ин замина, баҳри баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Ба шарофати ин ташаббуси наҷиб, китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха чоп ва ба ҳар як оила ройгон тақсим шуд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат лоиқи кулли тавсифҳову боиси арҷгузорист, зеро мутолиаи ин асари камназир дар қавӣ намудани хотираи таърихии мардум ва боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо асари нек мегузорад.
Ибтикори дигари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 гузарондани Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба хотири 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Бояд гуфт, ки, аллакай, се даври Озмун баргузор гашта, ғолибон барои иштирок ба даврии ниҳоии он тайёрӣ мебинанд. Мақсад аз баргузории он, омӯзиши амиқи корнамоиҳои ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, зинда гардондани расму ойинҳои миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва, ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”