1-уми ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Николай Журавлёвро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Россия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ хабар доданд, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок, ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду кишвар, баррасӣ шуданд. Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россияро нек арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Россия дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»