Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротӣ ба хориҷа ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январи соли ҷорӣ зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ кулли мутасаддиёнро муваззаф карданд, ки барои таъмини чорво бо хошоку хӯроки ба талабот мувофиқ ва пешгирии касалшавии онҳо аз таъсири сардӣ тамоми чораҳоро амалӣ созанд.
– Бо мақсади сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 қарори раиси ноҳия ба тавсиб расида, дар асоси он ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, – иброз дошт Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён. – Тибқи маълумоти ситоди ноҳиявӣ, айни замон дар ҳудуди ноҳия 8 фермаи чорвои калон ва 10 кашари фермаи чорвои хурд мавҷуд аст, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 пурра омода мебошанд.
Кишоварзони ноҳия дар соли сипаригардида дар 2 ҳазору 699 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронданд. Бо мақсади солим баровардани чорво аз сардиҳои тирамоҳу зимистон бо қарори раиси ноҳия комиссияи ноҳиявӣ оид ба захираи хӯроки чорво таъсис дода шуд, ки фаъолияти дилхоҳ дорад. Ба ҳолати 20 январи соли 2023 дар ноҳия 64,7 ҳазор тонна хӯроки чорво захира шудааст, ки 171,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз он 58 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 6,6 ҳазор тонна хӯроки ширадор мебошад. Ба ҳар сар моли шартӣ 41,3 сентнер воҳиди хӯрока рост меояд, ки нисбат ба нақша 4,1 сентнер зиёд аст.
Соли 2022 тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзуда, он ба 1 миллиарду 833 миллиону 964 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки 105 дарсадро ташкил менамояд. Аз маҷмуи маҳсулоти истеҳсолгардида 567 миллиону 169 ҳазору 400 сомонӣ ё ин ки 30,9 дарсадашро маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ташкил медиҳад.
Феълан, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 71 ҳазору 96 сар чорвои калон, аз ҷумла 39 ҳазору 921 сар модагов, 85 ҳазору 106 сар чорвои хурд, 86 ҳазор сар паранда, 1 ҳазору 91 сар асп ва 2 ҳазору 391 оилаи занбӯри асал дар парваришанд.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ 13 ҳазору 97 тонна гӯшт, 50 ҳазор тонна шир, 4 миллиону 130 ҳазор дона тухм, 195,2 тонна пашм, 45 тонна асал истеҳсол шудаанд.
Дар ҳудуди ноҳия 12 хоҷагии деҳқонӣ ва кооперативи истеҳсолӣ ба парвариш ва шикори моҳӣ машғул мебошанд, ки кӯл ва ҳавзҳои дарихтиёрдоштаи онҳо 44,5 гектарро ташкил медиҳад. Соли сипаригардида 82,3 тонна моҳӣ истеҳсол шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”