Воситаҳои ахбори омма яке аз ниҳодҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ба шумор рафта, ҳамчун “ҳокимияти чорум” дар баробари се шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар пешрафти ҷомеа нақш ва таъсири муайян доранд.
Ин матлабро Абдураҳмон Хонзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар як суҳбати гирди миз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори КВД КТН “Шарқи озод” доир гардид, иброз дошт. Дар нишаст, ки бо ташаббуси комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд, мавзуи “Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” мавриди гуфтугӯи роҳбарони як қатор расонаҳо, хабарнигорон ва масъулони ҳизбӣ қарор гирифт.
Дар қисми муқаддимавии суҳбати мизи гирд Далер Абдулло, раиси комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳиму таъсиргузор унвон кард. Ба андешаи ӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ минбари воситаҳои ахбори омма ҳамчун субъекти фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мафкурасозӣ ва самтбахшии аҳли ҷомеа ба равандҳои мусбат нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, аъзои ҲХДТ ба манзури тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ аз имконоти ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода мекунанд.
– Заминаи низоми имрӯзаи фаъолияти мураттаби сохторҳои давлатӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва, умуман зербинои давлати навини тоҷиконро 29 сол пеш Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам карда буд. Ин дар ҳолест, ки замони таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз, дар кишвари мо низои дохилӣ идома дошт ва яке аз ҳадафҳои асосии он таъмини сулҳу тақвияти аркони давлатдорӣ буд. Хушбахтона, ин амр дар заминаи хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид ва мо имрӯз дар фазои осуда зиндагии шоиста ба сар мебарем. Ҳоло дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрӯза бояд ҷомеаи кишвар бо риояи муқаррароти Конститутсия дар татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат нақши фаъол гузоранд, ки мо аъзоёни ҲХДТ бояд дар сафи пеш қарор дошта бошем. Зимнан, барои даст ёфтан ба ҳадафҳои бунёдии ҳизбамон ва тарғиби ғояҳои инсондӯстонаи он кӯшиш мекунем, ки минбаъд низ аз имкони ВАО самарнок истифода барем, – изҳор дошт Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар суҳбати мизи гирд, ҳамчунин, Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Маҳмадҷон Оймаҳмадзода, судяи Суди Олӣ ва дигарон суханронӣ намуда, дар охир ба нафароне, ки тоза ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим гардид.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”