Пас аз як соли дурӣ, чанде қабл ба Ватан баргаштам. Чун ҳамеша пойтахти маҳбубамро дар оғӯши гулҳо дарёфтам. Шаҳри Душанбе беш аз пеш зеботару ҷаззобтар ба назар мерасад. Воқеан, сол ба сол Душанбеи нозанин зери роҳбарии раиси ҷавону кордонаш Рустами Эмомалӣ ба як макони диданӣ табдил ёфта истодааст. Ташаббусҳои ӯ барои рушду нумӯи шаҳр шоёни таҳсин аст. Ҳини сайругашт, аз дидани гулгашту боғҳо оромие вуҷудамро фаро гирифт.
Рангорангии давру бари шаҳр, бешубҳа, ҳар касро шефтаи худ мекунад. Бо дидани ҳама зебоиҳо табъи хуше доштам, то он ки ба Боғи ҳайвонот расидам... Дидани боғ мақоли "доғ дар Моҳтоб"-ро ба ёд меовард, ки дар қатори зебоиҳои боло манзарае дошт, ҳузнангез...
Нахуст, ҳолате ки табъи касро хира месозад, дар пеши дарвозаи Боғ чун гурги гурусна ба одамон дарафтодани аккосон аст. Аҷибаш ин, ки мардумро пинҳонӣ сурат гирифта, баъдан маҷбур мекунанд, то онро бихарӣ... Аз садди онҳо бо азобе гузаштам.
Ба Боғи ҳайвонот, ки зоҳиран ба майдончаи бозии кӯдакон шабоҳат дошт, даромадам. Аз ду тараф чархофалакҳо насб шуда буданд. Як манзарае, ки маро ба тааҷҷуб овард, ҳамагӣ як роҳрав лимпопои "Алладин"-ро аз қафаси хирсҳо ҷудо мекард. Фосилаи байнашон шояд 2 ё 3 метр буд, ки намедонам ба кадом меъёр дуруст меояд...
Баъди каме сайр кардан, донистам, ки Боғро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин: фароғатӣ ва ғайрифароғатӣ. Шояд фаҳмидан мехоҳед, ки чаро ин тавр хулоса баровардам? Ҳангоми ба Боғ ворид шудан, мебинед, ки зери навои мусиқӣ ҳама дар чархофалакҳо паррончак. Бештари ҷавонон бошанд, дар "киштии бахт" нишаста, оҳу фиғонашон ба фалак мепечад. На парвои касе доранду на хасе... Ҳар киштӣ “диҷей”-и махсус дорад. Ба гумонам онҳо аз ансамбли ҳунарии киштии “Титаник” дида, санъатро хубтар дарк мекунанд. Зеро чунин мешуморанд, ки мусиқӣ ҳар қадар баланд садо диҳад, ҳамон қадар дилчасп мешавад. Хуллас, дар ин қисмат ҳама ба фароғати худ овора. Қисмати дуюм бошад, мову шуморо камтар ғамгин мекунад. Вақте барои аввалин бор касе ба сайри Боғи ҳайвонот ояду чунин манзараро бинад, аз ҳоли он ҷонварони безабон ба риққат меояд. Он ҷо аз ҳар тараф садои баланди мусиқӣ ва аз ҷониби дигар ғалоғулаи одамон ба гӯш мерасад. Дар лавҳаҳои махсус бо ранги сурх навиштаанд: «Ҳайвонотро озор надиҳед!». Аз ин навиштаҷот бармеояд, ки ҳайвонҳо низ эҳсос доранд ва ҳангоми озор додан, асабӣ мешаванд. Пас саволе ба миён меояд, ки магар бо ин қадар ғавғо ҳайвонот дар роҳатанд? Асабӣ намешаванд? Ё ин навиштаҷот танҳо барои реклама асту маънии онро худи кормандони Боғ дарк накардаанд? Зимнан, касоне, ки барои дидани ҳайвонҳо меоянд, ҳеҷ онҳоро озор намедиҳанд, ба ҷуз ҳамин ғалоғулаю мусиқии осмонкафи худи Боғ...
Ҳар касе ба тамошои Боғ ояд, мебинад, ки он ду вазифаро иҷро мекунад: ҳам бошишгоҳи ҳайвонот ва ҳам макони фароғати одамон. Дар дохили он анвои гуногуни атраксионҳо ба истифода гузошта шудаанд, ки пур - пури одаманд. Гумони ғолиб ин аст, ки аксарияти кӯдакону ҷавонон маҳз барои атраксионҳо ба Боғи ҳайвонот меоянд. Худ қазоват кунед, ки дар чунин муҳит ва фазо ҳайвонҳо чӣ ҳол доранд?
Бояд гӯям, ки нафаскашӣ ҳам дар Боғи ҳайвонот сабуку форам нест. Аксари ҳайвонҳо бӯйи ғализ мекунанд. Гузашта аз ин, дар як гӯшаи боғ фурӯшандаҳо ба пухтупаз ва дар гӯшаи дигар ба савдои маҳсулоту хӯришҳои гуногун машғуланд, ки аз лиҳози санитарӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Ба андешаи инҷониб, нуқтаҳои “Тез-тайёр” берун аз Боғ бошанд беҳтар, зеро он ҷо ҳар навъ хӯриш омода мекунанд ва табиист, ки ҳайвонот дар худ ҳар гуна ҳашарот доранд. Яъне, эҳтимоли интиқоли бемориҳо мавҷуд аст.
Барои маъмурияти Боғ ин ҳолат шояд маъмулӣ намояд, вале барои як меҳмоне, ки аз хориҷи кишвар ва ё гӯшаи дигари Тоҷикистон меояд, вазъият хеле нигаронкунанда ва таассуфовар ба назар мерасад.
Мо ҳам тарафдори шодиву нишотем. Бигзор мардум хурсандӣ кунад, аммо дар доираи тартибу низом. Бигзор мусиқӣ бошад, аммо ба атроф халал нарасонад. Бигзор "Лимпопо” бошад, аммо на дар назди хирс! Бигзор “Ход-дог” бошад, аммо на дар Боғи ҳайвонот!
Биёед, чун дигар маконҳо, Боғи ҳайвонотро ҳам тозаву озода нигоҳ дорем ва ҳусни ин шаҳри дилороро коста насозем. Барои ҳайвонҳо низ шароите фароҳам орем, то ором бошанду мо аз диданашон фароғат кунем. Масъулини Боғ, шумо чӣ мегӯед?
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”