Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ҳанӯз моҳи апрел ба тасвиб расид. Ҳадаф аз барвақт қабул намудани қарор аз он иборат аст, ки соҳаҳои хоҷагии халқ ба мавсим сари вақт омода шаванд. Ҳоло ки, ба қавле, зимистон дар пушти дар аст, дар ин бобат бо муовини аввали раиси ноҳияи Шуғнон Шоҳзода Латиф Бозича ҳамсуҳбат шудем.
Номбурда иброз дошт, ки Шуғнон яке аз ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳи кишвар мебошад, ки дар ин ҷо фасли сармо нисбат ба дигар минтақаҳои диёр барвақттар оғоз ёфта, то 7 моҳ идома мекунад. Вале бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳия ҳамасола сари вақт ба мавсим омода мегардад. Соли равон, тибқи нақша, талаботи аҳолӣ ба маводи ғизоии босифат барои зимистони дарпешистода 7360 тоннаро ташкил медиҳад. То ба ҳол дар деҳоти ноҳия бештар аз 1500 тонна орд, 70 тонна равған, 250 тонна биринҷ ва 220 тонна шакар захира гардида, захиракунии маводи ғизоии ниёзи аввал идома дорад. Комбинати коркарди ғалла, ки соли 2015 бо дастур ва иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар ин ҷода саҳми арзанда дорад. Комбинат на танҳо аҳолии ноҳия ва вилоятро бо орди навъҳои якуму дуюм таъмин менамояд, балки дар таъминот бо хӯроки чорво низ саҳми бориз дорад. Ҳамчунин, солҳои охир барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус тухмии картошка, меваву сабзавот, 5 анбор бо иқтидори умумии 410 тонна мавриди истифода қарор дода шуд.
Барои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳо 6 техникаи роҳсозӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад. Роҳсозон, инчунин, бо 14 ҷуфт либоси махсуси зимистона ва 15 ҷуфт пойафзол таъмин шуданд.
Тибқи маълумоти раёсати молияи ноҳияи Шуғнон, барои хариди ангишту ҳезум барои соҳаҳои маориф бештар аз 1 миллион сомонӣ, тандурустӣ 112 ҳазор, бахши фарҳанг 28 ҳазор ва барои МИМҲД-и ноҳия 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар маҷмуъ, қариб 900 тонна ангишт, 700 м3 ҳезум захира шуд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои соҳаи маориф 495 бухорӣ, 247 гармкунаки барқӣ ва ду генератор омодаи коранд.
Дар ноҳияи Шуғнон НБО “Помир-1” ҷой гирифтааст. Корҳои омодагӣ ба зимистон дар ин ҷо дуруст ба роҳ монда шуда, соли равон ду зеристгоҳи барқӣ ва ду шабакаи барқрасонии нав мавриди истифода қарор гирифт, ки боиси бамаротиб кам кардани талафоти қувваи барқ мегардад. Дар ҳавзҳои эҳтиётӣ низ ба таври кофӣ об захира шудааст, ки ин ба фаъолияти муназзами Неругоҳ дар фасли сармо мусоидат мекунад.
Пешгирии ҳодисаи сӯхтор дар иншооти хоҷагии халқ низ яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар мавсими сармо ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, аз ҷониби хадамоти оташнишонии ноҳия 112 иншоот мавриди санҷиш қарор гирифта, ба 64 нафар роҳбарони муассисаҳо ҷиҳати роҳ додан ба камбудиҳо амрномаи нозироти давлатии бехатарӣ аз сӯхтор супурда шуда, нисбат ба 41 шаҳрванд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва бештар аз 10 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарима ба буҷет ворид гардид. Дар давраи сармои зимистон хатари рух додани ҳодисаи сӯхтор бештар таҳдид мекунад. Бинобар ин, имрӯзҳо ҳамаи кӯшиш ба он равона шудааст, ки камбудиҳо зудтар бартараф ва пеши роҳи сӯхтор дар ҳамаи иншоотҳо гирифта шавад.
Муовини аввали раиси ноҳия аз он изҳори ташвиш кард, ки дар ин давра қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ бештар аз 1,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қариб 450 ҳазори он ба хоҷагиҳои хусусӣ тааллуқ дорад. Сари вақт пардохт нашудани ҳаққи барқ бошад, барои ба таври бояду шояд аз таъмири ҷорӣ нагузаштани иншооти системаи барқии ноҳия ва, дар ин замина, боиси халалдор сохтани фаъолияти он мегардад. Бинобар ин, имрӯз дар ин самт байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”