Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ ба сохтмони бузургтарин Парки технологию саноатии кишвар, ки назираш дар Осиёи Марказӣ низ нест, оғоз бахшиданд. Дар маросими оғози сохтмони иншоот, ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан нигаронда шудааст, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шарикони сармоягузор ширкат намуданд.
Парки технологию саноатии Ванҷ дар марҳалаи аввал ба коркарду содироти обҳои ҷонбахши Бадахшон нигаронда шуда, дар муддати 17 моҳ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мегардад.
Дар ҷараёни боздид, қабл аз ҳама тарҳи лоиҳаи «Парки технологию саноатии Ванҷ» ба меҳмонон муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки шаҳраки саноатӣ аз 8 бинои баландошёна иборат буда, дар он барои кормандон беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бинои панҷошёнаи маъмурии корхона барои 130 нафар ҳайати идоракунандаи Парк пешбинӣ гардидааст. Дар шафати бинои маъмурӣ ҳамчунин, сохтмони меҳмонхонаи дуошёна барои 45 ҷойи хоб, ошхона бо 400 ҷой, хобгоҳ барои 200 нафар, анборхонаю озмоишгоҳ ва як қатор биноҳои ёрирасон дар назар аст. Зимни муаррифии лоиҳаи корхонаи азими саноатӣ гуфта шуд, ки Парки номбурда дар як соат 9 тонна ва дар як сол 720 ҳазор тонна оби нӯшокӣ ва рангаро дар ҳашт намуду ҳаҷми зарфи шишагин ва пластикӣ истеҳсол карда, ба як қатор кишварҳои пешрафтаи олам, ки, аллакай, бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ба фурӯш мебарорад. Парк аз ду бинои истеҳсолӣ бо ҳашт хатти технологии худкор фаъолият мекунад ва бо таҷҳизоти истеҳсолии насли нави Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлати Олмон таъмин мешавад. Танҳо барои харидории таҷҳизоти истеҳсолӣ 24 миллион доллари ИМА ҷудо мегардад. Дар умум, барои сохтмони Парки технологию саноатии Ванҷ, тибқи лоиҳа, масрафи 60 миллион доллар дар назар аст. Дар робита ба пурсиши раиси вилоят доир ба ташкили ҷойҳои нави кор барои сокинони бумӣ, масъулони корхона зикр карданд, ки дар оғози сохтмон 350 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад. 30 фоизи ҳайати умумии кормандони сохтмонро муҳандисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Вақте ки корхона бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд, дар он 500 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маоши миёнаи онҳо аз 3 то 5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти саноатӣ ба зиммаи ҶДММ «Сарез-сармоя» вогузор шудааст, ки он, аллакай, 15 техникаи сохтмониро ба шаҳраки сохтмончиён овардааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ширкати сармоягузор ҷиҳати тезондани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сохтмони иншоот вобаста ба шароити маҳал, ободонии гирду атрофи корхона дастурҳои иловагӣ дод. Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони «Парки технологию саноатии Ванҷ» раиси вилоят бо фаъолону сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот кард. Одинашо Мардзода, раиси ноҳия, пеш аз ҳама, ба роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагиашон ба рушду нумӯи ноҳияи Ванҷ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки бунёди Парки замонавӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғамхории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони ноҳияи Ванҷ шаҳодат медиҳад. Маҳз дастури Ҷаноби Олӣ буд, ки имрӯз маркази ноҳия ба худ намои шаҳрро касб кардааст. Ҳар сол дар ин ҷо биноҳои нави замонавӣ қомат афрохта истодаанд. Айни ҳол сокинони ҳамаи деҳаҳои ноҳия бо барқ таъмин буда, ба интернет ва алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд. Роҳҳоямон то нуқтаҳои охирини аҳолинишин обод шудаанд. Ин ва чандин пешравиҳои дигари ноҳия, ки солҳои охир ба даст омадаанд, аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои Пешвои миллат мебошанд.
Раиси вилоят аз номи мардуми Бадахшон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории пайвастаашон ба сокинони рустонишини кӯҳистони дурдаст, аз ҷумла ВМКБ, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи дастуру супориш ва азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ВМКБ ба марҳалаи рушд ворид гардид. Сохтмони чунин як иншооти муҳим дар водии Ванҷи Боло, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, шаҳодати гуфтаҳои боло аст.
Ли Минжуван, роҳбари лоиҳа, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқа ба амалигардонии лоиҳа ва ҷудо кардани ҷой барои сохтмони Парки саноатӣ дар яке аз ноҳияҳои зебоманзари вилоят изҳори сипос кард. Номбурда гуфт, ки баъди ба истифода додани корхона дар шафати он боз як корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва корхонаи истеҳсоли афшураи мева ба нақша гирифта шудааст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”