Санъат, бахусус санъати овозхонӣ, роҳҳои пуршебу фароз дорад ва бояд пайваста дар такопӯ буд, то бо эҷоди сурудҳои марғубу дилнишин ба қалби шунавандаи нуктафаҳм роҳ ёбӣ.
Бо ибрози ин нукта суҳбати мо оғоз гардид бо Моҳрухсор Сафиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо садои фораму сурудаҳои пурмазмунаш дар дили мардум ҷой гирифтааст.
– Меҳри санъати сарояндагиро дар дилам аллаҳои ширини модарам, шеърдӯстию мақомхониҳои қиблагоҳам, думбуранавозию фалаксароии деҳқонони хирманкӯб, овози найи чӯпонон ва табиати нотакрори кишварам ҷой намудаанд. Дар ташаккули ҳунарам саҳми аҳли оила, хусусан падари бузургворам, бештар аст, зеро агар кӯшишҳову азхудгузаштанҳои ӯ намебуд, мо – фарзандони оила, аз як деҳаи кӯҳистон ҳаргиз ба чунин мақоми баланд намерасидем. Хусусан, рӯйи саҳна будану ҳунарнамоӣ кардан, барои мо – духтарони деҳот, имконнопазир буд, – мегӯяд ӯ.
Гавҳар Умарова собиқадори телевизион, профессор, аз нахустин ҳунарнамоии Моҳрухсор дар китоби “Моҳи самои санъат” чунин ёд мекунад:
– Баромади ӯро нахустин бор дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар шаби эҷодии шоираи маҳбуб Гулрухсор дидам. Шоира бо як лаҳни зебои кӯҳистонӣ ҳарф зада, ишора кард, ки ин хоҳари мо аввалин бор рӯйи саҳна меояд, хоҳишмандам дастгирӣ намоед. Ҳарчанд Моҳрухсор рӯйи саҳна нахустин маротиба омада бошад ҳам, аз қадаммониҳояш гумон мекардед, ки борҳо баромад кардааст. Ду рухсори гулгунашро нақши гули чакани дар бараш буда, ҷилваи рангин медод. Зираи нуқрагии гардан, гӯшворҳои қуббадор, рӯймоли гулдори сараш, ки бо тарзи қаротегинӣ давр занонда, баста буд, ҳамаро мафтун кард.
Моҳрухсор Сафиеваро руйи саҳна, тули фаъолияти ҳунарияш, пайваста бо либоси миллии тоҷикона мебинем. Ҳунарманд рағбати беандоза доштани худро ба ҳунарҳои миллӣ чунин баён намуд:
– Либоси миллӣ зебандаи ҳар як зани тоҷик аст. Меҳри бекарони ман ба он, аввалан, аз аҳли оила ва, бавижа, насиҳатҳои падар мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) маро хурсанду шодмон намуд. Чунки солҳои зиёд мехостам, ки ҳунарҳои мардумии мо, бахусус либосдӯзӣ, аз нав эҳё гардад ва, хушбахтона, бо ин иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуи деринтизори худ расидем. Дар доираи он, ба мо – ҳунармандон, даст дод, ки фарҳанги қадимаи худро берун аз кишвар муаррифӣ намоем.
Моҳрухсор дутор ба даст сурудҳои халқӣ месарояд ва дар онҳо дарёи бекарони маънӣ нуҳуфтааст. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:
– Ман бо сурудҳои халқӣ рӯйи саҳна омадаам ва то ҳол дар пайи дарёфти оҳангҳои навин аз ин эҷодиёти пурғановат мебошам.
Солҳои 80-уми қарни гузашта айёми шуҳрат ва муваффақиятҳои ин бонуи ҳунарманд буданд. Дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини Иттиҳоди Шуравӣ сурудҳояш танинандоз гашта, хотири ташнагони суруду мусиқиро шод менамуданд.
Дар баробари овозхонӣ, Моҳрухсор Сафиева зиёда аз 20 сол аст, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба донишҷӯёни риштаи санъати мусиқии мардумӣ дарс мегӯяд. Ӯ рисолати омӯзгории хешро дар тарбия ва ба камол расондани шогирдоне медонад, ки дар оянда бо сурудҳои халқӣ саҳнаро оро диҳанд. Он чи ки худ аз ҳунармандони бузург, ба монанди Барно Исҳоқова, Одина Ҳошим, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, омӯхтааст, ба шогирдон меомӯзад ва дар ин роҳ ҳастияшро дареғ намедорад, то шогирдон ҳунармандони асил гарданд.
Халқ беҳтарин доварест, ки ҳунари асилро дарк намуда, баҳои сазовор медиҳад. Моҳрухсор Сафиева аз оғози фаъолияташ то имрӯз бо иҷрои сурудҳои пурмазмун ва садои дилнишин дар миёни халқ маҳбуб гардидааст. Тули ин солҳо зиёда аз 100 сурудро аз эҷодиёти шоирон ва фолклори пурғановати халқ сароида, оҳангҳои зиёд низ офаридааст.
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”