Дар асоси тавофуқи ҷонибҳо аз 1 то 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки гурӯҳҳои кории топографӣ 17,98 километри сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Аз рӯи натиҷаи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расид.
Тақвияти ҳамкориҳо байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи Олии халқии Чин
Дар шаҳри Сиан Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Прокуратураи Олии халқии Чин Ин Юн мулоқот намуд.
Аз Прокуратураи генералӣ ба мо иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва амниятӣ баррасӣ шуданд.
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”